eDonish — қадами муҳим дар рақамикунонии соҳаи маорифи Душанбе

Имрӯз дар бинои IT Park-и шаҳри Душанбе брифинги матбуотӣ таҳти унвони «eDonish: мактаб, волидайн ва таҳсилот дар муҳити рақамӣ» баргузор гардид.

Дар брифинг намояндагони воситаҳои ахбори омма, олимону коршиносон, муҳаққиқон, намояндагони соҳаи маориф ва фаъолони фазои иттилоотӣ иштирок намуданд.

Брифинг ба муаррифии марҳилаҳои рушди eDonish, имкониятҳои амалкунандаи он ва нақши низом дар ташаккули муҳити рақамии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бахшида шуд. Дар он таърихи ташаккул, марҳилаҳои рушд ва имкониятҳои асосии барномаи eDonish муаррифӣ гардиданд.

Олимону коршиносон, муҳаққиқон ва дигар иштирокчиён масъалаҳои таъсири воситаҳои рақамӣ ба сифати таҳсилот, ҳамкории мактабу оила ва такмили идоракунии соҳаи маорифро аз нигоҳи илмӣ баррасӣ карданд.

Дар анҷом миёни намояндагони ВАО ва ташкилкунандагони лоиҳа оид ба фаъолияти eDonish, мушкилоти амалӣ, амнияти иттилоотӣ, дастрасии корбарон ва самтҳои рушди минбаъдаи он саволу ҷавоби судманд сурат гирифт.