Дар ноҳияи Лахш ба тарбияи томактабӣ ҳамчун зинаи аввали низоми маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Турабек Аброров, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш, иттилоъ додааст, ки дар ноҳия 6 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, 275 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таълимӣ 69 маркази инкишофи барвақти кӯдак фаъолият мекунад. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Лахш 37,9 фоизро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Турабек Аброров, дар ноҳия 4 муассисаи нави томактабӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Тибқи нақша, дар оянда боз чанд муассисаи томактабии дигар бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад.
Таҳсилоти томактабӣ яке аз бахшҳои асосии соҳаи маориф буда, барои рушди кӯдак ва фароҳам овардани муҳити мусоиди инкишофи ӯ замина мегузорад.
