Кӯмаки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рушон дастрас гардид

Чуноне, ки хабар дода будем, бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардида кӯмаки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди хонаҳо ва маводи хурока фиристода шуд ва он имрӯз вориди ноҳияи Рушон гардид.

Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ айни замон сохтмони хонаҳои 10 оилае, ки дар натиҷаи офати табии пурра зарар дида буданд ҷараён дорад. Дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ давоми як моҳ пурра ба анҷом расонида мешавад.