Наврӯз дар боғи “Фирдавсӣ” бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид

Имрӯз дар боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ» — и шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ ва барномаи рангини консерӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд. Дар ин чорабинӣ мардуми ноҳияи А. Фирдавсӣ дастархони идона иборат аз ҳафт син ва ҳафт шин ороста, омадани фасли баҳору ҷашни Наврӯзро бо хурсандии зиёд истиқбол намуданд.

Пеш аз оғози чорабинӣ дар саҳни амфитеати боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ» намоиши хунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ баргузор шуд.

Дар оғози чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Давлатзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Наврӯз доирои як қатор суннат ва оинҳои хуб аз қабили тозаю озода гардонидани хонаву дар ва дилу ният мебошад, ки мақоми ин ҷашни аҷдодиямонро миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд бардоштааст.

Дар идома муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода баромад карда, қайд намуд, ки Наврӯз ҷашни миллии қадимаи мардуми ориёинажод ва яке аз унсурҳои муҳими худшиносию худогоҳӣ ва унсури ҷудонопазири фарҳанги миллӣ мебошад. Наврӯз инъикосгари фарҳанги мардуми кишвармон дар арсаи байналмилалӣ буда, барои ба мерос гузоштани ин фарҳанг ба наслҳои оянда, замина мегузорад — гуфт Раҳмиддин Саломзода муовини раиси шаҳри Душанбе.

Ҳамчунин дар ҷорабинӣ раиси ноҳияи А. Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода суханронӣ карда, гуфт, ки имрӯз Наврӯз на танҳо ҷашни мардуми ориёинажод, инчунин тамоми мардуми олам мебошад. Ин ҷашни бедории табиат ва руҳу ҷони мардум аст.

Баъдани барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи аҳли фарҳанги МИҲД ноҳияи А. Фирдавсӣ, иборат аз шеъру тарона, рақсҳои мавзун ва саҳначаҳои ҳаҷвию бедеӣ, ки ҳамагӣ бозгукунандандаи оинҳои суннатии Наврӯз буданд, манзури тамошобинон гардонида шуд.  

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”