«Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» таҳти чунин унвон дирӯз дар толори МТМУ №102 ҳамоиши идонаи бошукуҳ баргузор гардид. Тавре дар ин хусус аз МИҲД- и ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ доданд, ҳамоиши идона бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Зимни баромад иштирокчиён қайд намуданд, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ касб намуда, имрӯз ҳамчун мероси фарҳангии умумибашарӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Ҳамзамон зикр шуд, ки ҷавонон бояд бо дарки амиқи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва ҳисси баланди ватандӯстӣ, дар рушду ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд. Инчунин масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкории ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш, як қатор директорон, омӯзгорон ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» барои ҳамкориҳои самаранок бо мақомоти милитсия бо сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои идона қадрдонӣ гардиданд.
О. Шарипова
радиои “Тоҷикистон”
