ТАНТАНАИ ИДИ МОДАР ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Модар дар толори  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152 –и  шаҳри Ваҳдат чорабинии идона баргузор гардид.

Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, зимни баромади худ иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи Модар  ба фарорасии фасли баҳор рост омада, таҷассуми меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба занону модарон мебошад.

Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд бо муҳайё сохтани фазои муносиби ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию фароғатӣ сатҳу сифати зиндагии занонро баланд намуда, онҳоро ҳарчӣ бештар ба фаъолияти сиёсию роҳбарикунанда ҷалб созад.

Имрӯз занону духтарони шаҳри Ваҳдат дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа бо фаъолияти худ дар рушди бомароми мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.

Зеро ин ҷашне аст, ки бо исми бузурги Модар пайванд мебошад ва зиндагию рӯзгори ҳар кадоми мо аз муҳаббату самимият ва шарофату фидокории модарон сарчашма гирифтааст»,- изҳор намуд раиси шаҳр.

Ҳамзамон, Мирзо Исмоилзода баён дошт, ки имрӯзҳо  ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон нишонаи эътибор, эҳтиром ва қадршиносии давлату Ҳукумат, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ҷумҳурӣ ба модар ва бузургии ӯ мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ  ба модарону бонувони фаъоли шаҳр сипосномаи раиси шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Дар охир бо иштироки санъаткорони кишвар ва шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҳунарӣ барои болидарӯҳии модарон баргузор гардид.

Сурайёи Сироҷиддин

радиои “Тоҷикистон”