Боғдорӣ яке аз соҳоти сердаромади соҳаи кишоварзӣ буда, барои баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони деҳот мусоидат мекунад. Гузашта аз ин иқлиму хоки умҳурии Тоҷикистон ба парвариши қариб ҳамаи намуди дарахтони мевадиҳанда мувофиқ мебошад.
Аслан мавсими ниҳолшинонӣ дар кишвари мо дар ду давра- дар водиҳо баробари бааномрасии мавсими хазонрези дарахтон, охири ноябр оғоз гардида, то нимаи дуюми моҳи март идома меёбад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ (дар баландиҳои зиёдтар аз 1200 м аз сатҳи баҳр) шинондани ниҳол аз охири феврал то аввалҳои апрел тавсия дода мешавад.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯзҳо ниҳолшинонӣ дар кишвар вусъати тоза пайдо кардааст. Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров мегӯяд, ки ниҳолшинонӣ дар ҳамин шабу рӯз нисбат ба ниҳолшинонӣ дар фасли баҳор афзалияти бештар дорад.
Мавлон Каримов-коршиноси дигари соҳа низ тарафдори дар фасли тирамоҳу зимистон бунёд намудани боғ ҳаст. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки сабзиши ниҳолҳо муддати муайян доранд. Агар мо дар ин давра ниҳол шинонем, аллакай дар фасли баҳор хуб нашъу намо меёбад.
Дар ҳамин ҳол Ҳикматулло Назиров-доктори илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, ки барои бунёди боғ ҳангоми шинондани ниҳолҳо коркарди хок баманфиати кор аст.
Бино ба назари соҳибназарон бунёд намудани боғ ин оғози кор аст. Ҳамсухбати мо доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров мегӯяд, ки барои солим ба воя расонидани ниҳолҳои шинонидашуда бояд якқатор корҳои агротехникиро ба аном расонид.
Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштанд, кишвар имкони хуби аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо бунёди майдони боғу токзор, аз умла боғҳои интенсивиро дорад ва дар ҳамин самт ба масъулин пешниҳоди муфид низ доданд. Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров мегӯяд, ки бунёди майдони боғу токзор, аз умла боғҳои интенсивӣ дар заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо ҳе мушкилие надорад.
Воқеан ҳам гузаштан ба шаклу усулҳои муосир дар одаи бунёди боғу токзору аз он рӯёндани ҳосили фаровон бегуфтугӯ барои рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, зиёд намудани ҳами меваҳои содиротӣ ва муҳимтар аз ҳама барои таъмин намудани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар- амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад. Гузашта аз ин сабзкориву ниҳолшинонӣ, бунёди боғот аз ҳисоби заминҳои лалмии бо намӣ таъмин кишвари моро боз ҳам сабзу хуррам ва шукуфотару фараҳбахштар мегардонад
Муродулло Раҳимов,
радиои «Тоҷикистон»