Ба хотири тарғиби анъанаҳои дӯстиву бародарии ду миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳияи филми ҳунарии муштарак таҳти унвони “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки роҷеъ ба рӯзгори ибратбахши Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоиро дар бар мегирад, наворбардории саҳнаҳои филм дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба поён расида, наворбардории саҳнаҳои боқимонда дар Ҷумҳурии Узбекистон идома дорад. Чунин иттилоъ дода шуд зимни нишасти хабарӣ аз ҷониби директори муассисаи давлатии тоҷикфилм Муҳаммадсаид Шоҳиён. Ҳамзамон филми ҳунарии «Ошёни нур»- бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил омода гардида, дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» наворбардори он идома дорад.
Инчунин филмҳои мустанад аз рӯзгору фаъолият ва осори Ҳофиз Шерозӣ, Абӯали ибни Сино, Бобоҷон Ғафуров рӯи навор омодаанд.
Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бори аввал платформаи синамои Тоҷикфилмро ( tojikfilm.tj) ба роҳ мондааст, ки барои ҳаводорони синамои ватанӣ филмҳои дар замони шӯравӣ истеҳсолшуда ва 35 соли замони истиқлолиятро ба намоиш мегузорад.
Ҳамзамон, дигар филмсозон ва ширкатҳои истеҳсолкунанда бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд филмҳои худро барои намоиш пешниҳод намоянд.
