Содироти молу маҳсулоти ватанӣ дар соли 2025 ба 64 давлати ҷаҳон 34,3 фоиз афзоиш ёфт

Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон  дар соли 2025 аз кишвар ба 64 давлати хориҷи дуру наздик молу маҳсулоти ватанӣ содирот намудааст, ки аз он панҷ давлат аз ҷумла Нидерланд, Швейтсария, Ҷумҳурии Мардумии Узбекистон, Туркия дар панҷгонаи аввал қарор доранд. Дар ин хусус имрӯз директори Агентии мазкур  Сироҷиддинзода Баҳриддин зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Инчунин гуфта шуд, ки содироти молу маҳсулот дар соли 2025 бе дарназардошти металлҳои қиматнок 2149,6 млн долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2024 549,4 млн доллар ё 34,3 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии содирот 96,8 фоизро маҳсулоти саноатӣ ва 3,2 фоизро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил дод, чунин афзуд дар идома Сироҷиддинзода Баҳриддин директори Агентии мазкур.

Ба маълумоти масъулини ин ниҳод содироти маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025-ум 2408,6 долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2024 ба маблағи 517,9 доллар ё 27,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Содироти меваҷот, аз ҷумла ангур, зардолу, писта, олуболу, гелос, олу, шафтолу, лиму, хурмо, чормағs, cefi na rampa дар ни даври, ба 20,7 млн доллар баробар гардид, ки ин нисбат ба соли 2024 ба маблағи 7,6 млн. доллар ё 57, 5 фоиз  баробар гардид.

Дар умум дар соли 2025 аз ҷумҳурӣ ба Федератсияи Руссия ангури тару тоза ва хушк дар ҳаҷми 5522,8 тонна ба маблағи доллар содирот гардид.

О. Шарипова

радиои “Тоҷикистон”