Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соли 2025 доир ба 17 консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ корбариро ба роҳ монда, иҷрои онҳоро таъмин намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ Директори марказии миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ба маълумоти Директори ин ниҳод дар самти таҳияи пешниҳодот вобаста ба мутобиқнамоии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуданд. Дар натиҷаи 60 пешниҳоди илмӣ рӯи кор омад. Иззатулло Саидзода иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Маркази миллии қонунгуорӣ аз мақомоти болоӣ ва вазорату идораҳо 123 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ворид гардиданд. Зикр гардид, ки Марказ оид ба гузаронидани экспертизаи таҳлилӣ таъсири танзимкунӣ мақоми ваколатдор мебошад.
Сураёи Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
