Дар соли 2025 ба беш аз 514 ҳазор гектар замин об расонида шуд

Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта вобаста ба камобию хушксолӣ ва маблағгузорӣ мавсими обдиҳии ҳосили соли 2025 муташаккилона гузаронида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуоти директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода чунин иттилоъ дод.

Ба таъкиди директори Агентӣ дар ин давра идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 60025 истифодабарандагони об  дар майдони 514925  гектар ё ин ки 98 фоизи  нақша шартномаи тарафайни хизмати обрасонӣ ба имзо расонида, ба онҳо тибқи дархост ва талаботашон  дар ҳаҷми 3 млрд.770,4 млн. метри мукааб,   бо арзиши 181 млн. 303,9 ҳазор  сомонӣ  хизмати обрасонӣ намуданд, ки пурра бо санад тасдиқ карда шудааст. Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шудааст. Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи  83 млн. 713 ҳазор сомонӣ ё ин ки ҳамагӣ ба андозаи 46 фоизи арзиши оби додашуда пардохт карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 19 млн. 917 ҳазор сомонӣ зиёдтар мебошад.

Дар ин хусус ҳамкорамон Сураёи Сироҷиддин  аз ҷараёни нишасти ин ниҳод хабар дод.