Натиҷаҳои назарраси ДДОТ дар рейтингҳои миллӣ ва байналмилалӣ

Дар соли 2025 Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон дар Раддабандии муассисаҳои олӣ  миёни 422 донишгоҳ аз 55 кишвари ҷаҳон бо гирифтани 8136 хол ҷойи 8-умро сазовор гардид. Инчунин дар рейтинги РИНЦ (Elibrari.ru) дар байни 69 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмию таҳқиқотии кишвар зинаи дуюмро бо 6597 мақолаҳои илмӣ соҳиб шуд. Чунин хабар дода шуд имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби ректори ДДОТ Аҳлиддин Ибодуллозода. Ҳамзамон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки ДДОТ дорои 30 омӯзишгоҳ буда, дар соли 2025 омӯзишгоҳи нави факултети физика ба фаъолият оғоз кардаст.

Ба иттилои хабарнигори радиои Тоҷикистон, Донишгоҳи мазкур ҳамкориҳои нави байналмилалиро бо Донишгоҳҳои Карея, Ҳиндустон, Белорус ва Россия ба роҳ монда,  дар назди Донишгоҳ 2 маркази фарҳангӣ: «Маркази Чинӣ» ва «Маркази Кореягӣ»-ро таъсис додааст.

Гулрӯ Ниёзова

радиои «Тоҷикистон»