Соли 2025 — 2026 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ду ихтисоси нав «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» илова карда шуд, ки ин қадами нав дар рушди ин соҳаҳои муҳим мебошад. Ҳамзамон Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар соли таҳсили нави 2025-2026 як факултети дигар, факултети тиббӣ — ҳарбиро роҳандозӣ намояд. Дар ин хусус имрӯз Ректори Донишгоҳи мазкур Муҳиддини Нуриддин зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ба маълумоти Ректори Донишгоҳ дар ДДТТ аз рӯйи 40 тахассус омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ, ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳ такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ ва ихтисосгирии аввалин барои табибон ва омӯзгорон аз рӯйи ҳамаи равияҳои тибб роҳандозӣ шудааст. Инчунин дар рафти нишаст гуфта шуд, ки ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино баробари иҷрои нақшаи омодасозии мутахассисони соҳаи кишвар, барои давлатҳои хориҷӣ мутахассис омода менамояд. Ин дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ 307 нафар аз 11 кишвари хориҷӣ Донишгоҳро хатм намуданд, ки ин аз рақобатпазир будани таҳсилоти кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Дар Донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандарти бо истифодаи васеи технологияи муосири таълимӣ ва коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст.
О. Шарипова
радиои “Тоҷикистон”
