Имрӯз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар соли 2025 баргузор гардид. Дар нишаст роҳбарият ва масъулини кумита иштирок намуда, оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ, назорати сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ва воридоти маҳсулоти гӯштӣ ба ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод карданд.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ, ки дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ҳамагӣ 1 миллиону 309 ҳазору 977 ташхиси гуногун гузаронидаанд. Аз ин шумора 276 ҳазору 353 ташхис ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ рост меояд. Дар ҷараёни санҷишҳо як қатор қоидавайронкуниҳо ошкор гардида, дар натиҷа, 26 ҳазору 651,4 килограмм маҳсулоти гӯштӣ аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шудааст.
Муҳаммадсаид Файзулозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баромади худ зикр намуд, ки яке аз масъалаҳои нигаронкунанда воридоти ғайриқонунии маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла тариқи қочоқ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, чунин маҳсулот аксаран бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бидуни гузаштан аз ташхис ворид мегардад, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ таҳдид намояд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба 12 ҳазор тонна гӯшти мурғ ва тақрибан 8 ҳазор тонна гӯшти гов ворид шудааст. Раиси Кумита таъкид кард, ки тамоми маҳсулоти воридотӣ зери назорати қатъии давлатии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ қарор дошта, ҳатман аз ташхисҳои бойторию беҳдоштӣ мегузарад ва танҳо баъд аз тасдиқи сифат ба бозорҳои истеъмолӣ роҳ дода мешавад.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ масъулин қайд карданд, ки Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати пурзӯр намудани назорат, пешгирии воридоти маҳсулоти бесифат ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ фаъолияти худро минбаъд низ тақвият хоҳад дод.
Муҷиддини Сайфиддин
радиои «Тоҷикистон«
