Сафири Тоҷикистон ба Президенти Австрия эътимоднома супорид

20 январ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир эътимодномаи худро ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия ҷаноби Александр Ван дер Беллен супорид.

Пас аз маросими супоридани эътимоднома суҳбати сафир бо Президенти Федералии Австрия доир гардид. Сафири Тоҷикистон паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федералии Австрия ҷаноби Александр Ван дер Беллен расонид. Номбурда низ дар навбати худ дуруду паёми гарми худро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.  

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Австрия мубодилаи афкор намуданд.