Дар ноҳияи Фирдавсӣ 1182  иншооти ҷашнӣ пурра сохта ба истифода дода шудааст

Ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд идома дошта, тибқи нақша — чорабиниҳои МИҲД-и ноҳия  то имрўз аз 1182 адад 916 адади он пурра иҷро гардида, дар  иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.

Тавре Самандар Тураев сардори шуъбаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва замини МИҲД-и ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки бунёди иншооти ҷашнӣ дар қаламрави ноҳия дар заминаи эълон гардидани соли 2026   «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» дар қаламрави ноҳия сохмони иншооти ҷашнӣ ва корҳои созандагӣ имрӯзҳо бо маром идома доранд.

Ба гуфтаи масъулин нақша — чорабиниҳои ҷашнии ноҳия дар пайи омӯзиши комиссияи мақомот таҳия гардида, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ пудратчиёни маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ мутобиқ ба талаботи меъмории миллӣ ва шаҳрсозӣ иҷро мегардад. Аз мушоҳидаҳо метавон хулоса кард, ки  имрӯзҳо рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе зери назорати комисияи мақомот ва мутахассисони шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ қарор дошта, мутобиқ ба талаботҳои техникию меъморӣ иншооти нав бунёд меёбанд.

Сураёи Сироҷиддин

радиои “Тоҷикистон”