Китоби нави муҳаққиқ ва таърихшинос Сабзаалӣ Асозода таҳти унвони «Тахористон: сохти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар асрҳои V–X» ба табъ расид. Асари мазкур ба таҳлили ҳамаҷонибаи яке аз минтақаҳои муҳими таърихии Осиёи Марказӣ — Тахористон бахшида шудааст.
Дар монография муаллиф вазъи сиёсӣ, сохтори иҷтимоӣ ва вазъи иқтисодии Тахористонро дар асрҳои V–X баррасӣ намуда, ин давраро ҳамчун марҳилаи калидӣ дар ташаккули равандҳои таърихӣ арзёбӣ мекунад. Асосан бо такя ба маъхазҳои хаттӣ, сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳқиқоти илмии муосир, ҷойгоҳ ва нақши Тахористон дар низоми сиёсии минтақа ва равобити байниқавмӣ таҳлил шудааст.
Дар китоб инчунин масъалаҳои ҳаракатҳои сиёсӣ, хусусиятҳои ҳокимиятдорӣ, ҳунармандӣ, ҳамчунин робитаи минтақа бо ҷаҳони арабу исломӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки симои воқеии Тахористонро дар заминаи таҳаввулоти таърихӣ нишон диҳад. Ин асари илмӣ барои муҳаққиқон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҳамаи ҳаводорони таърихи халқи тоҷик манфиатбахш арзёбӣ мегардад.
