Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият медиҳад, иттилоъ медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масоили густариши ҳамкории мутақобили судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар Душанбе дар меҳвари мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Бонки аврупоии сармоягузорӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва маблағгузорӣ барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум» ва лоиҳаи минтақавии «CASA-100»-ро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар доираи лоиҳаҳои афзалиятнок тақвият бахшида, муколамаи доимиро идома диҳанд.
