Баррасии нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар платформаҳои сиёсии ҷаҳонӣ баррасӣ дар Ню-Йорк

 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи олии Гурӯҳи кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва кишварҳои хурди ҷазиравии рӯ ба тараққӣ (LLDC) Рабаб Фатима мулоқот намуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба аҳаммияти ҳамбастагӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозӣ байни кишварҳои LLDC дар заминаи ислоҳот дар доираи «Ташаббуси СММ-80» бо таваҷҷуҳ ба татбиқи Барномаи амали Аваза табодули назар намуданд. Ҳамзамон зимни муҳокимаи нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар платформаҳои сиёсии ҷаҳонӣ инчунин аҳаммияти афзояндаи масъалаҳои марбут ба пиряхҳо ва захираҳои об низ таъкид гардид.

Дар анҷоми мулоқот Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид даъватномаи расмиро барои иштирок дар Конфронси 4-уми оби Душанбе (25-28 майи соли 2026) ба муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид супорид.