Бозомӯзии касбии наҷотдиҳандагон дар Маркази таълимию методии Кумита

Имрӯзҳо дар асоси нақшаи иҷроиши барномаи тайёр намудани наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома дошта, курси бозомӯзии наҷотдиҳандагони Раёсати  кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ ва Дастаҳои махсуси зудамали наҷотдиҳии шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт дар Маркази таълимию методии Кумита то 24 январи соли 2026 сурат мегирад.

Тавре дар ин хусус Ориф Нозимов сардори маркази матбуотии Кумитаи мазкур иттилоъ дод, машғулиятҳои бозомӯзӣ тариқи назариявӣ ва амалӣ дар самти омодагии куҳнавардӣ, омодагии техникӣ,  ғаввосӣ,  кимиёвии ёрии аввалини тиббӣ, психологӣ ва инчунин омодагии муҳандисӣ-техникӣ ва корҳои таркишӣ гузаронида шуда,  дониш малака, маҳорати касбии наҷотдиҳандагонро боз ҳам дучанд хоҳад гардонд.

О. Шарипова

Радиои «Тоҷикистон»