Аз ҳаёт ва рӯзгори як оилаи беҳтарин аз шаҳри Душанбе
Оила макони оромиву осудагӣ барои ҳар як аъзои он маҳсуб меёбад. Ва бидуни фазои солими оила ҷомеаи солимро тасаввур кардан нашояд. Шарифзода Ҳукуматшо ва ҳамсари ғамхорашон Гулзодамоҳ Валиева 43 сол аст, ки ҳаёти оиладорӣ доранд. Ин оилаи хушбахт зодагони ноҳияи Ванҷи ВМКБ мебошанд, вале имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ба сар мебаранд.
— Бо кадом анъанаҳоиноҳияиВанҷоила бунёд намудед?
«Ҳанӯз аз давраҳои дар мактаби миёна таҳсил кардан мо бо оилаам муҳаббат доштем. Баъд аз хатми мактаби миёна ба макотиби олӣ якҷоя дохил шудем. Дар рафти таҳсил оила бунёд намудем. Вақте тӯй кардем, доиразанон суруди «Шоҳи мо ҳаминае, подшоҳи мо ҳаминай» гӯён ба сари гуларӯс рафтем. Дар ҳар як кӯча то расидан ба хонаи арӯс мардум ба мо ширравған медоданд. Ин рамзи дуо нек, бахти сафед буд. Ба хонаи арӯс расидем. Бо суруди «Гул баро аз хонае, чашмони шаҳ мастонае» гуфта гула овардем ба хона».
— Гулро овардеду ҳаётиоиладориишумооғозшуд?
«Бале. Дар давоми оиладорӣ соҳиби 5 фарзанд шудем. Ҳаёти хуби оиладориро ба роҳ мондем. Хушбахтӣ дар он буд, ки баъд аз 13 соли ҳаёти оилавӣ боз соҳиби дугоник шудем. Як духтару як писар. Бисёр лаҳзаҳои фараҳбахш ва фаромӯшношуданӣ буд. Имрӯз соҳиби 7 фарзанд ва 13 набера ҳастем. Фарзандонамон дар Донишгоҳҳои олӣ таҳсил карда, соҳибмаълумот гардидаанд. Ва имрӯзҳо дар касбу кори гуногун фаъолияти пурсамар доранд. Ҳамаашон оиладоранд. Ҳамаи ин муваффақияти фарзандон аз таълиму тарбияи неки ҳамсари ғамхорам Гулзодамоҳ сарчашма гирифтааст».
— Зиндагӣбе мушкилӣнамешавад. Чӣгуна онҳоро паси сар кардед?
«Нест оилае, ки дар он нофаҳмиҳо набошад. Вале қавитарин рафъи мушкилиҳои зиндагӣ-муҳаббат аст. Ва ҳар қадар инсоният дар зиндагӣ содиқ бошад, ҳамон қадар оилааш мустаҳкам мешавад. Сабр ҳам калиди тамоми хушбатиҳо аст. Пеш аз ҳама оила бояд саводнок бошад. Ҳар шахсе, ки саводу ақли солим дорад, метавонад роҳи ҳалли камбудиҳои зиндагиро дарёбад.
— Фарҳанги оиладорӣаз чӣоғоз мешавад?
Фарҳанги хонаводагӣ аз арзишҳои беҳтарини инсонӣ — меҳру муҳаббат, иззату эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ боварӣ, тарбияи неки фарзандон ва таҳаммулгароӣ сарчашма мегирад. Ҳамаи инҳо аз фарҳанги як хонавода як оилаи солим вобастагӣ доранд. Меҳру муҳаббат ва риштаи хешу табориро бо мардуми дигар маҳаллу минтақа ва ноҳияиҳои Тоҷикистон пайваста, аз Хатлонзамин келин овардам. Ба дигар минтақаҳо духтар додам. Маҳалгароиро намеписандам. Ҳамин ҳам фарҳанги оиладорӣ аст. Ҳамаи фарзандонам оилаи хуб доранд. Агар оила солим бошад, фарҳанги оиладорӣ низ дар ҷомеа хуб ба роҳ монда мешавад».
— Дар оила қабул кардани фикру андешаҳои байни зану мард ҳатмӣаст?
«Албатта. Ҳеҷ вақт марди хонадон бояд фармонравоиро дар хонадон ба худ хос надонад. Зиндагӣ муштарак аст. Гӯш кардани фикру андешаҳои зан-ҳамсар ва фикру андешаҳои марди хонадон, дастгирӣ кардани онҳо аз ҳар ду ҷониб дар оила шарт ва зарур аст. Яъне ҳамдигарфаҳмӣ ҳатмӣ мебошад. Баъзан қабул кардани фикрҳои ҳамдигарӣ боиси пешравии оила мегардад».
— Баъзе аз мардҳои хонавода ёрӣрасонидан ба корҳои хонаро ор медонанд. Дар корҳои хона ба завҷаи худ кӯмак мекардед?
«Албатта. Дар пухту паз ёрӣ намедодам, чунки аз уҳдаи он мебаромад, вале дар баъзе корҳои хона ба оилаам кӯмак мекардам. Махсусан, вақте ки дугоникҳои мо таваллуд шуданд, як писару як духтар, бо ду фарзанди хӯрд барои ҳамсарам мушкил буд. Як гавҳораро ман меҷунбонидам, як тояшро ҳамсарам. Ба яктояш ман хӯрок медодам, ба дигараш занам. Сару рӯйи писарамро ман мешустам, духтарамро модараш. Онҳоро ба боғча мебурдам. Агар шавҳарам серкорӣ медошт, либосҳоямро худам дарзмол мекардам. Хулас, дастгирӣ мекардам. Ҳамаи ин эҳтиром аст!».
— Ба навхонадорон чӣмаслиҳат медиҳед, то онҳо низ ба монанди шумо оилаи бофарҳанги худро бунёд намоянд?
Оилаи хушбахт аз муҳаббат оғоз мешавад. Оилаҳои ҷавон бояд бо меҳру муҳаббат муҳити солими оилаи хешро барпо намуда, ҳамеша баҳри пешравӣ ва устувор мондани он талош варзанд. Ҳамеша сабрро шиори ҳамешагии оилаи хеш қарор диҳанд. Касбу ҳунар омӯзанд. Иззату эҳтироми падару модар ва хусуру хушдоманро ҳамеша ба ҷо биоранд. Тарбия ва расму оини хонадони шавҳарро омӯзанд, мутобиқ шаванд.
— Оилаҳое ҳастанд, ки баъд аз хонадор шудан, 1-2 сол баъд ё камтар аз ин рӯба ҷудошавӣмеоранд. 43 сол ҳаёти пурсамар доред. Саҳми шумо буд ё завҷаи меҳрубонатон?
«Воқеан, саҳми зани хонадон, ҳамсари беҳтарини ман буд. Бисёр зани пурсабр аст. Бештари кору рафторҳои маро гузашт карда буд. Бисёр эҳтиромаш мекунам. Зиндагиро аслан зан месозад. Муҳити орому осуда ва оилаи беҳтарину солим насибам гаштааст. Хоби бароҳат меравам, чунки муҳити оила солим аст. Хулас, ҳаёти оиладории соддаву равон дорам ва аз ин меболам. Бигзор то абад ҳамроҳи ҳамсарам ҳамсафари зиндагӣ бошем».
— Тансиҳату хонаобод бошед!
Зарина Мухторзода,
радиои «Тоҷикистон«
