Намоиши филми «Моҳӣ дар шаст» барои рӯзноманигорон баргузор гардид

Имрӯз дар толори Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» филми «Моҳӣ дар шаст» барои доираи васеъи рӯзноманигорон намоиш дода шуд. Намоиши филм бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва киностудияи «Довфилм» ба хотири дастгирии синамои касбии миллӣ роҳандозӣ гардид.

«Моҳӣ дар шаст» филми ҳунарии муштарак бо Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, бо коргардонии Муҳиддини Музаффар соли 2025 рӯи навор омадааст. Филм дар бораи писарбачаи даҳсолаи тарбиятгирандаи мактаб — интернат нақл мекунад, ки бо ҳамроҳии қаҳрамони дигари филм Самад барои пайдо кардани модараш аз шимол то ҷануби кишвар сафар мекунад ва дар ин роҳ бо моҷароҳои зиёде дуҷор мегардад. Ба таъкиди коргардони филм Муҳиддини Музаффар намоиши имрӯза ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби филмҳои касбии миллиамон ба роҳ монда шуда, ният дорад, ки ин анъанаро минбаъд низ идома диҳад.

Бояд гуфт, ки филми «Моҳӣ дар шаст» дар баробари тасвир кардани манзараҳои зебои кишварамон, инчунин бозгӯкунандаи розу ниёз ва армонҳои як писарбачаи хӯрдсол аст, ки коргардон дар кушодани ин чеҳра муваффақ гаштааст. Зинатулло Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки филмҳои касбии миллӣ инъикосгари фарҳангу синамои мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин хотир рӯи кор омадани чунин филмҳо барои муаррифии синамои касбиамон дар  арсаи байналмилалӣ замина мегузорад.

Баъд аз анҷоми филм рӯзноманигорон тассуроти худро нисбат ба он баён доштанд. Гуфта шуд, ки минбаъд низ чун имрӯза дигар филмҳои касбии миллиамон манзури рӯзноманигорон гардонида мешавад.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»