Дар ноҳияи Сино 1025 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳолати моҳи марти соли равон аз шумораи умумии иншооти ба нақша гирифта шуда, 1025 адади он сохта ва мавриди истифода қарор гирифт, ки 85% нақшаи умумиро ташкил менамояд. Дар раванди бунёди иншооти ба нақша гирифта шуда, 2100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба таъмини иҷрои босифати нақша-чорабиниҳои 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои амалиро ба роҳ мондаааст, ки 1232 адад иншоот бо ташкили 2998 ҷойи нави корро дар бар мегирад. Ба иттилои мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Исматулло Абдуллозода давоми соли 2025 тибқи нақшаи мазкур дар ҳудуди ноҳия 222 адад нақша-чорабиниҳо ба нақша гирифта шуд, ки айни замон 204 адади он иҷро гардида , 90%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. 

Дар соли 2026 тибқи нақшаи мазкур дар ҳудуди ноҳия 213 адад иншооти ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон 23 адади он иҷро гардида,11%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҷалби ҳамаи қишрҳои ҷомеъа бахшида ба таҷлили  35-умин  солгарди  Истиқлолиятидавлатӣ,  барномаи театрикунонишуда омода гардида, дар боғиҳои фарҳангию фароғатии «Умари Хайём» бо шукуҳи хоса таҷлил карда шуд.

Ҳамзамон,Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баҳри сазовор ҷашн гирифтани 35-солагииИстиқлолиятидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ба истифода додани коргоҳу корхонаҳо, ки дар нақша дохил нестанд, баҳри таъмини ҷойҳои нави корӣ ҳамаи кӯшишро равона месозад.

Гулрӯ Ниёззода, Радиои Тоҷикистон