Дар оғози асри XXI инсоният бо як интихоб рӯ ба рӯ шудааст: ё табиатро ҳифз намояд, ё ояндаи худро зери хатар гузорад.
Имрӯз дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим, обшавии пиряхҳо на танҳо як мушкилоти экологӣ, балки як ҳушдори ҷиддӣ ба тамоми башарият гардидааст. Пиряхҳо, ки ҳазорсолаҳо ҳамчун сарчашмаи асосии оби тоза ва танзимгари низоми табиӣ хизмат мекарданд, имрӯз босуръат аз байн рафта истодаанд.
Раванди мазкур на танҳо амнияти об, балки суботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳаёти миллионҳо одамонро таҳти таҳдид қарор медиҳад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо ба масъалаи сарнавиштсоз табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони обӣ ва пиряхҳо, дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ нақши калидӣ мебозад. Инчунин, дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо назардошти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди устувор роҳандозӣ менамояд.
Нахустин маротиба бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид як қатор ташаббусҳои муҳим қабул гардидаанд, ки аҳаммияти ҷаҳонӣ доранд. Аз ҷумла, аввалин қадами ҷиддӣ дар ин самт эълон гардидани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» буд. Ин иқдом барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар мусоидат намуд.
Баъдан, солҳои 2005-2015 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об — барои ҳаёт”» эълон гардиданд. Ин даҳсола ба беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тоза ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шуда буд.
Соли 2013 бошад, «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об» эълон шуд, ки аҳаммияти ҳамкории кишварҳоро дар истифодаи одилона ва устувори захираҳои обӣ таъкид намуд.
Имрӯз низ ин раванд идома дошта, солҳои 2018-2028 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об — барои рушди устувор”» ҷараён дорад. Ин ташаббус ба ҳамгироии масъалаҳои об ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист равона шудааст, ки омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсониятро дарбар мегирад
Дар шароити гармшавии глобалӣ, пиряхҳо босуръат об мешаванд ва ин ҳолат ба захираҳои обии ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Бо дарназардошти ин, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» муайян шудаанд.
Иқдомҳои мазкур ба таҳқиқи илмии пиряхҳо, омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ва дарёфти роҳҳои ҳифзи онҳо равона шудаанд. Ҳамчунин, аз соли 2025 сар карда, ҳамасола 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» таҷлил мегардад, ки аҳаммияти баланд бардоштани маърифати ҷомеаро дар ин самт таъкид мекунад.
Бояд гуфт, ки мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, ки омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсониятро дарбар мегирад, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ доранд.
Дар сиёсати дохилӣ, таваҷҷуҳи асосӣ ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ равона шудааст. «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳадаф дорад, ки осебпазирии иқтисод ва аҳолиро коҳиш диҳад ва устувории соҳавиро таъмин намояд.
Ҳамзамон, татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои баланд бардоштани шуури экологӣ ва масъулияти шаҳрвандон нақши худро гузошт. Ин барнома аҳаммияти таълиму тарбияро дар ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ таъкид менамуд.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» тадбирҳо барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди иқтидори илмӣ амалӣ мегарданд.
Инчунин, иқдоми мазкур барои бунёди Тоҷикистони муосир — давлати пешрафта, мустақил, рақобатпазир ва илмпарвар — пояи устувор мегузорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор дорои захираҳои бузурги пиряхҳо мебошад, ки манбаи асосии оби ширин дар минтақа ба ҳисоб мераванд. Аммо дар даҳсолаҳои охир, зери таъсири гармшавии глобалии иқлим, раванди обшавии пиряхҳо суръат гирифта, ба муҳити зист ва иқтисоди миллӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Дар ин росто бояд гуфт, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паёмадҳое дорад, ки боиси коҳиши захираҳои об, тағйирёбии ҳаракати дарёҳо ва афзоиши хавфи офатҳои табиӣ, аз қабили сел ва ярч мегардад, ки солҳои охир чандин минтақаҳои Тоҷикистонро зарар расондааст. Ин раванд метавонад дар оянда ба норасоии об оварда расонад, зеро пиряхҳо ҳамчун “Манбаи табиии об” хизмат мекунанд.
Ҳангоми обшавии пиряхҳо таркиби химиявии об тағйир ёфта, эҳтимоли зиёд шудани ифлоскунандаҳо ва моддаҳои зараровар пайдо мешавад. Ин ҳолат метавонад ба сифати оби нӯшокӣ таъсири манфӣ расонида, хатари бемориҳои вобаста ба обро зиёд намояд.
Инчунин, пиряхҳо манбаи асосии об барои нерӯгоҳҳои барқӣ низ мебошанд. Чихеле дар боло қайд кардам таъсири обшавии пиряхҳо ба камшавии об оварда мерасонад, ки ба истеҳсоли неруи барқ низ таъсир мегузорад. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад таъсири обшавии пиряхҳо ва норасоии об метавонад ҳосилнокиро паст кунад. Дар соҳаи нақлиёт, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ бошад хатари вайроншавии роҳҳо аз таъсири босуръат обшавии пиряхҳо меафзояд. Дар соҳаи тандурустӣ бошад, обшавии пиряхҳо метавонад боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ гардад.
Бояд гуфт, ки коҳиши истифодаи сӯзишвории истихроҷшаванда ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили офтоб, шамол ва чашмаҳои гарм, метавонад ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ мусоидат намуда, раванди гармшавии иқлимро суст намояд. Ин, дар навбати худ, барои ҳифзи пиряхҳо аҳаммияти калон дорад.
Барои талафоти обро кам намудан истифодаи технологияи муосири сарфакоронаи захираҳои об дар ҷорӣ намудани технологияҳои обёрии қатрагӣ, мониторинги рақамии захираҳои об ва системаҳои интеллектуалӣ барои идоракунии об имкон медиҳад, ки захираҳо самаранок истифода шаванд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки сабаби асосии обшавии босуръати пиряхҳо тағйирёбии иқлим ва натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад.
Ба ин назар сабаби асосии тағйирёбии иқлим фаъолияти инсон дар сайёра буда, ба ифлосшавии атмосфера боис гардидааст. Болоравии ҳарорати ҳаво ба миқдори 2-3°С дар дурнамои миёнамуҳлат коҳишёбии пиряхҳоро пурзӯр намуда, боиси аз байн рафтани ҳазорҳо пиряхҳои хурд мегардад. Ҳангоми обшавии пиряхҳо дар марҳалаи аввал сатҳи оби дарёҳои ҷудогона баланд шуда, коҳиши оби дарёҳои дигарро ҷуброн менамояд, вале баъдан дар бисёр дарёҳо камшавии фоҷеаомези серобӣ оғоз мегардад.
Дар ин ҳолат татбиқи иқтисоди “сабз”, “рақамӣ” ва “даврӣ” зарур аст. Иқтисоди “сабз” бошад ба истифодаи устувори захираҳо равона шудааст. Иқтисоди “рақамӣ” бошад бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ самаранокиро баланд мебардорад. Иқтисоди “даврӣ” бошад, ба коркарди такрорӣ ва кам кардани партовҳо мусоидат мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ин моделҳо метавонад ба ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори кишвар мусоидат намояд, ки аҳамияти стратегӣ дорад.
Вобаста ба ин зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир низ метавонанд дар мониторинги ҳолати пиряхҳо, пешгӯии тағйироти иқлим ва идоракунии захираҳои об нақши муҳим бозанд. Ин технологияҳо имконият медиҳанд, ки қарорҳои илмӣ дақиқ қабул карда шаванд.
Дар ин росто вусъат бахшидани тадбирҳои сабзкорӣ ва хуррамгардонӣ экосистемаҳои ҷангал дар нигоҳ доштани мувозинати экологӣ, таъмини захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии обшавии пиряхҳо нақши муҳим бозида, баҳри таъмини ояндаи дурахшони инсоният аҳаммияти бузург доранд.
Дар маҷмӯъ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамоҳангсозии манфиатҳои миллӣ бо ҳадафҳои глобалӣ равона шудааст. Ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ, дар якҷоягӣ бо барномаҳои миллӣ, заминаи устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зистро таъмин менамоянд.
Тоҷикистон бо ин иқдомҳо на танҳо манфиатҳои миллии худро ҳимоя мекунад, балки ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳми арзанда мегузорад.
Ҳифзи пиряхҳо — ин рисолати ҳар як инсон аст. Зеро ояндаи башарият ва некӯаҳволии наслҳои оянда аз амалҳои имрӯзаи мо вобаста мебошад.
Имрӯз вақти интихоб аст — интихобе, ки сарнавишти инсониятро муайян мекунад.
ПЕШНИҲОДҲО
Бо дарназардошти аҳамияти захираҳои обӣ, хатари афзояндаи обшавии пиряхҳо ва пешгирии онҳо дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим, пешниҳодҳои зерин барои таъмини рушди устувор ва амнияти экологӣ манзур мегарданд:
1. Рушди истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ ҳамчун самти афзалиятнок эътироф карда шавад.
2. Низоми муосири идоракунии ҳамгирои захираҳои обӣ бо дарназардошти манфиатҳои экологӣ ва иқтисодӣ ҷорӣ карда шавад.
3. Инфрасохтори обёрии кишоварзӣ таҷдид гардида, технологияҳои сарфакунандаи об, аз ҷумла обёрии қатрагӣ беш аз пеш васеъ истифода бурда шаванд.
4. Чораҳо барои пешгирии шӯршавии заминҳо ва баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ дар минтақаҳои кишоварзӣ андешида шаванд.
5. Чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ пурзӯр карда шаванд.
6. Мониторинги пиряхҳо бо истифода аз технологияҳои муосир, аз ҷумла дронҳо, системаҳои GIS ва мушоҳидаҳои моҳворавӣ беш аз пеш роҳандозӣ карда шавад.
7. Бонки ягонаи маълумотҳо оид ба захираҳои обӣ ва пиряхҳо таъсис дода шуда, системаи мониторинги муҳити табиӣ такмил дода шавад.
8. Марказҳои таҳқиқоти пиряхшиносӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ таъсис дода шаванд.
9. Моделсозии математикӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ барои таҳлили динамикаи пиряхҳо ва пешгӯии тағйироти гидрологӣ ҷорӣ карда шаванд.
10. Системаи огоҳкунии барвақтӣ барои пешгирии обхезиҳо, ярчҳо ва дигар офатҳои табиӣ таъсис дода шавад.
11. Мониторинги доимии пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ таъмин карда шавад.
12. Хадамоти махсуси зиддитармафароӣ таъсис дода шуда, чораҳои пешгирии тармаҳо тақвият дода шаванд.
13. Барномаҳои васеи бешазоркунӣ, барқарорсозии экосистемаҳо ва мустаҳкам намудани соҳилҳо дар сатҳи минтақавӣ, бахусус дар Осиёи Марказӣ, амалӣ карда шаванд.
14. Пешгирии ифлосшавии манбаъҳои оби нӯшокӣ ва беҳтар намудани сифати об тавассути чорабиниҳои илмӣ ва маърифатӣ таъмин карда шавад.
15. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва татбиқи барномаҳои омӯзишӣ оид ба ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо беш аз пеш зарур аст.
16. Барои ҳифзи пиряхҳо пӯшишҳои маводи инъикоскунанда ва геотекстилҳо нақши муассир доранд. Ин усулҳо ба истифодаи маводҳое асос ёфтаанд, ки қобилияти баланди инъикоси нурҳои офтобро доранд. Бо ин роҳ миқдори энергияи гармии ҷаббидашуда кам мешавад, ҳарорати сатҳи пирях паст нигоҳ дошта мешавад ва суръати обшавӣ коҳиш меёбад. Маводи инъикоскунанда одатан ранги сафед дошта, аз матоъҳои синтетикӣ ё плёнкаҳои махсус сохта мешаванд. Геотекстилҳо бошанд матоъҳои махсуси устувор мебошанд. Дар бисёр ҳолатҳо, геотекстилҳо ва маводи инъикоскунанда якҷоя истифода мешаванд. Таҷрибаи кишварҳои Швейтсария, Италия, Олмон ва Австрия нишон дод, ки онҳо дар истифодаи пӯшишҳои маводи инъикоскунанда ва геотекстилҳо пешсаф мебошад. Дар пиряхҳои машҳури ин кишварҳо ҳар сол дар фасли тобистон қисмҳои муҳим бо матоъҳои сафед пӯшонида мешаванд, ки воситаи муассир барои коҳиши обшавии пиряхҳо мебошад, ки коҳиши обшавӣ то 50–60% ба қайд гирифта шудааст. Инчунин дар ин кишварҳо барои нигоҳ доштани мавсими лижаронӣ, ҳамасола ҳазорҳо метри мураббаъ сатҳи пирях пӯшонида мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ усулҳои мазкур (маводи инъикоскунанда ва геотекстилҳо) воситаи муассир барои коҳиши обшавии пиряхҳо мебошанд, ки мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор дода шаванд.
17. Амалӣ намудани лоиҳаҳои экологӣ, аз ҷумла сохтмони обанборҳо, мустаҳкамсозии соҳилҳо ва барқарорсозии экосистемаҳо зарур аст.
18. Рушди гидроэнергетика бо дарназардошти таъсири экологӣ ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтобӣ, бодӣ, обӣ) таъмин карда шавад.
19. Ҳамгироии сиёсати об ва энергетика барои пешгирии буҳронҳои захиравӣ тақвият дода шавад.
20. Ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо густариш дода шавад.
21. Идоракунии муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи минтақавӣ, бахусус дар Осиёи Марказӣ, тақвият дода шавад.
22. Бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва коҳиши пиряхҳо, таҳқиқот, мониторинг ва арзёбии мунтазами захираҳои обии ҳавзаҳои дарёҳои Ому ва Сир тақвият дода шавад.
23. Механизмҳои иқтисодии ҳавасмандгардонӣ барои истифодаи самараноки об ҷорӣ карда шаванд.
24. Заминаи ҳуқуқӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ такмил дода шавад.
25. Чораҳо барои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва пешгирии гармшавии иқлим андешида шаванд.
26. Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии пиряхҳо мунтазам арзёбӣ карда шаванд.
27. Нақшаҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар сатҳи маҳаллӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд.
28. Таҳқиқоти илмӣ ва ҳамкории олимони ватанӣ ва хориҷӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо ва захираҳои обӣ тақвият дода шавад.
29. Барои рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мониторинги пиряхҳо шароити мусоид ва ҳавасмандгардонии мутахассисон фароҳам оварда шавад.
30. Таҳия ва татбиқи нақшаи генералии истифодаи объектҳои обӣ бо мақсадҳои сайёҳӣ-рекреатсионӣ ва солимгардонӣ барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обӣ зарур аст.
31. Андеша ва таҷрибаи аҳолии маҳаллӣ дар қабули қарорҳо ба инобат гирифта шавад.
32. Бояд кишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ стратегияҳои самарабахшро барои кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ таҳия намоянд. Истифодаи манбаъҳои тозаи энергия, монанди энергияи офтобӣ ва бодӣ, метавонад яке аз роҳҳои асосии пешгирии гармшавии глобалӣ бошад.
Маҷмӯи пешниҳодҳои мазкур як низоми ҳамгирои илмӣ-амалӣ буда, ба ҳалли мушкилоти глобалии обшавии пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои обӣ равона гардидааст. Татбиқи онҳо имкон медиҳад, ки раванди коҳиши пиряхҳо, амнияти экологӣ, энергетикӣ ва иҷтимоии кишвар низ таъмин гардида, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад.
Самариддин Мирзоев,
унвонҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
махсус барои сомонаи Радиои Тоҷикистон
