10 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Таалатбек Масадиков, ки бо сафари корӣ дар кишвар қарор дорад, баргузор гардид.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими таъмини амнияти минтақавӣ дар шароити афзоиши хатару таҳдидҳо табодули афкори судманд анҷом доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат таваҷҷуҳи махсус ба ҳамоҳангсозии талошҳо дар доираи СААД, инчунин таҳкими механизмҳои вокуниши дастаҷамъона зоҳир гардид. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳамраъйии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва тақвияти ҳамкориҳои амалӣ миёни ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар мақомоти дахлдор таъкид намуданд.
