САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ – АСОСИ БЕҲТАРШАВИИ ВАЗЪИ ИҚТИСОДӢ

Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ дар рушди низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти босамари он ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявии кишвар нақши муҳим дорад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ҳамасола дар саросари ҷаҳон “Ҳафтаи байналмилалии пул” (Global Money Week) баргузор мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин иқдом қафо намондааст. Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон на як ҳафта, балки як моҳи пурра, ҳамасола моҳи апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Моҳи саводнокии молиявӣ” эълон гардидааст. Дар давоми моҳи мазкур чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ барои қишрҳои гуногуни аҳолӣ бо дастгирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва муассисаҳои олию касбӣ баргузор карда мешаванд.

Баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳими сатҳи давлатӣ маҳсуб ёфта, аз Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки самтҳои афзалиятноки рушди мамлакатро муайян менамояд, сарчашма мегирад. Дар баробари ин, бо мақсади тавсеаи фарогирии молиявӣ дар мамлакат дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ба тасвиб расида, татбиқ гардида истодааст. Самти асосии Стратегияи мазкур саводнокии молиявӣ мебошад.

Мусоҳибаеро  бо  Ҷамшед Солиҳов, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази татдқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди шумо менамоем.

— Мехостем мафҳуми “Саводнокии молиявӣ”-ро каме шарҳ медодед ва чаро рушди он барои шахс ва ҷомеа муҳим аст?

— Саводнокии молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини рушди ҷомеа табдил ёфта, бо дарназардошти канда шудани занҷираи иқтисодӣ дар ҷаҳони муосир донистани тарзи дурусти идораи маблағҳо барои ҳар як инсон зарур мебошад. Саводнокии молиявӣ на танҳо ба як шахс, балки ба тамоми ҷомеа тааллуқ дошта, барои рушди иқтисоди миллии ҳар як кишвар пояи устувор ба ҳисоб меравад.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханронияҳояшон зимни ироаи Паёмҳои худ пайваста ба масъалаи баланд бардоштани маърифати иқтисодӣ ва молиявии аҳолӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, таъкид менамоянд, ки рушди устувори кишвар бевосита ба сатҳи донишу фарҳанги молиявии шаҳрвандон вобаста аст. Инчунин, таъкид менамоянд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд тарзи дурусти истифодаи маблағ, сарфакорӣ ва банақшагирии буҷаи оилавиро омӯзад. Зеро, бе чунин донишҳо наметавон сатҳи зиндагиро беҳтар кард ва иқтисоди миллиро таҳким бахшид.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки сарфаю сариштакорӣ яке аз хусусиятҳои муҳими зиндагии шоиста буда, ҳар як оила бояд даромаду хароҷоти худро ба таври дуруст танзим намояд ва истифодаи самараноки захираҳо ба пешрафти иқтисодиёт мусоидат мекунад. Ҳамзамон, ба ҷавонон тавсия медиҳанд, ки илова бар донишҳои касбӣ, малакаҳои иқтисодӣ ва молиявиро низ аз худ намоянд, зеро дар шароити иқтисоди бозорӣ ин омил яке аз шартҳои асосии муваффақият арзёбӣ мегардад.

Надоштани маърифати молиявӣ чӣ мушкилотро пеш меорад?

— Агар ба зиндагии ҳаррӯзаи мардум назар афканем, мебинем, ки бисёр мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз нодуруст идора кардани маблағ сарчашма мегиранд. Аз ҷумла, қарздорӣ, камбизоатӣ, беқурбшавии захираҳои оилавӣ ва амсоли инҳо аз набудани донишҳои молиявӣ сарчашма мегиранд. Дар ҳолати  доштани саводи молиявӣ, инсон аз тамоми хавфу хатарҳои хусусияти молиявидошта бидуни мушкилӣ мебарояд. Ҳамзамон агар баръакси он бошад, на танҳо ба иқтисодиёти оила, балки ба давлат низ бетаъсир нахоҳад монд.

Саводнокии молиявӣ пеш аз ҳама ба баланд шудани сатҳи зиндагӣ мусоидат намуда, дар баробари огоҳӣ ҷиҳати тартиби дурусти ба роҳ мондани буҷети оилавӣ аз истифодаи оқилонаи маблағҳо то пасандоз метавонад зиндагии устувортар ва афзалтарро касб намояд.

Саводнокии молиявӣ ба рушди иқтисоди кишвар чӣ таъсир мерасонад?

— Аз нуқтаи назари ҷомеа, саводнокии молиявӣ ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири назаррас мерасонад. Вақте аксарияти аҳолӣ пасандоз мекунанд, маблағҳо дар низоми бонкӣ ҷамъ мешаванд ва ба сармоягузорӣ равона мегарданд, ин раванд боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ ва афзоиши истеҳсолот мегардад.

Ҷиҳати дигари муҳим ин қабули қарорҳои дуруст арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла дар асоси интихоби дурусти талаботҳои бозор ҷиҳати ба роҳ мондани қарзҳои бонкӣ то сармоягузориҳои гуногун. Ҳалли ин масъала ба оне дастёб мегардад, ки дорои саводи молиявӣ мебошад. Ин гуна дониш инсонро аз фиреб ва талафоти молиявӣ ҳифз мекунад.

Мутаассифона, имрӯз низ дар ҷомеа ҳолатҳое зиёданд, ки одамон қурбони омилҳои гуногуни қаллобӣ мегарданд. Онҳо ба ваъдаҳои даромади бештар бидуни заҳмат бовар мекунанд ва маблағҳои худро аз даст медиҳанд. Агар сатҳи саводнокии молиявӣ баланд бошад, чунин ҳолатҳо ба маротиб кам мешаванд.

Саводнокии молиявӣ дар тарбияи фарзандон ва суботи иҷтимоӣ чӣ нақше гузошта метавонад?

— Нақши саводнокии молиявӣ дар тарбияи насли наврас хеле муҳим дониста мешавад. Зеро, кӯдакон ва ҷавонон бояд аз синни хӯрдӣ омӯзанд, ки пул чӣ гуна ба даст меояд ва чӣ гуна бояд истифода шавад. Агар ин дониш дар муҳити оила ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул дода шавад, дар оянда хавфҳои молиявӣ камтар мегардад.

Ҳамзамон, саводнокии молиявӣ ба суботи иҷтимоӣ низ таъсир мерасонад. Мушкилоти молиявӣ аксар вақт сабаби ихтилофҳои оилавӣ, стресс ва ноустувории равонӣ мешаванд. Вақте ин мушкилот кам мешаванд, ҷомеа оромтар ва солимтар гардида, онҳо бештар ба рушд, таҳсил ва фаъолияти созанда диққат медиҳанд.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки саводнокии молиявӣ танҳо як малакаи шахсӣ набуда, балки як сармояи иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ бояд яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ бошад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ҳамчун истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №75 аз 26 феврали соли 2026 “Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030” тасдиқ карда шуд.  Итминон аст, ки ин ба раванди баланд бардоштани саводнокии молиявӣ мусоидат хоҳад кард.

Барои суҳбат ташаккур!

Мусоҳиб Шоистаи Аҳмад