Ба истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд идома дошта, тибқи нақша — чорабиниҳои МИҲД-и ноҳия то имрӯз аз 1073 адад иншооти ҷашнӣ 1238 (бо шумули иншооти иловагӣ) адади он пурра иҷро гардида, дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.
Ба маълумоти Ҳаётулло Шарифзода намояндаи МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе бунёди иншооти ҷашнӣ дар заминаи эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» бо маром идома дорад. Дар доираи нақша чорабиниҳои умумӣ бунёди 6 — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 — муассисаҳои томактабӣ, 2 — колеҷ, 14 — муассисаҳои тандурустӣ, 19- корхонаҳои саноатӣ, 143- марази савдою хизматрасонӣ, 3 — меҳмонхона, таъмири намои 176 биною иншоотҳо, азнавсозии 176 – биною иншоотҳо, азнавсозии 87 — нуқтаҳои партовпартоӣ, инчнуин таъмир ва сохтмони 12-километр роҳҳои автомобилгард, сохтморни 145- биноҳҳои истиқоматӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ба гуфтаи масъулини ноҳияи мазкур нақша- чорабиниҳои ҷашнии ноҳия дар пайи омӯзиши комиссияи мақомот таҳия гардида, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ пудратчиёни маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ мутобиқ ба талаботи меъмории миллӣ ва шаҳрсозӣ иҷро мегардад.
Бояд гуфт, ки тибки накша — чорабинихои тахрезишудаи МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур, то имруз дар ноҳияи 115 фоиз нақша пурра иҷро гардидааст ва то арафаи ҷашни 35 — умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин тасмим доранд, нақшаро ба 130 фоиз расонанд. Ин дар ҳолест, ки имрӯзҳо рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе зери назорати қатъии комиссияи мақомот ва мутахассисони шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ қарор дошта, мутобиқ ба талаботҳои техникию меъморӣ иншооти нав бунёд меёбад.
Олуфта Шарипова, Радиои Тоҷикистон
