Дар Ваҳдат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо шукӯҳ баргузор гардид

Дирӯз  дар Китобхонаи марказии шаҳрии Ваҳдат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид

Пеш аз оғози фестивал намоиши китоб доир гардид, ки дар он садҳо номгӯй асарҳои бачагона  ба намоиш гузошта шуд.

Инчунин, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр доир гардид. Дар намоишгоҳ китобҳои бадеӣ, таърихӣ, адабиёти бачагона бо сифати баланду нархҳои дастраст пешниҳоди ҳаводори китоб гардонида шуд.

Намоиш — фурӯши китобҳои тозанашр дар фазои тантанавӣ доир шуда, шоирону нависандагон ва дӯстдорони илму адабро ба ҳам овард. Дар қисмати дуюми фестивали мазкур чорабинӣ бо шукӯҳ бо иштироки меҳмонон ва китобхонаҳои шаҳри Ваҳдат ва инчунин хонандагон доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ Директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода иброз намуд, ки дар Тоҷикистон ин фестивал ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҷараёни он намоиши китобҳои тозанашр барои бачаҳо, вохӯрӣ бо адибон, барномаҳои консертӣ бо иштироки хонандагони мактабҳо ва маҳфилҳои адабӣ баргузор мегарданд.

Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллию умумибашарӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва китобхонӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор мегардад.

Сураёи Сироҷиддин,

радиои “Тоҷикистон”