Тақсими тӯҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин тӯҳфаи бебаҳо ба 95 ҳазор 132 нусха китоби «Шоҳнома»-ро ба сокинон ноҳияи мазкур тақдим карда шуд.
Тавре мудир бахши фарҳанги ноҳияи Шоҳмансур Таманно Ализода ба мо хабар дод, ин иқдом ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳадаф аз он таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, боло бурдани худшиносию ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва фарҳангии гузаштагон мебошад.
Таманно Ализода иброз дошт, ки сокинони ноҳия ҳангоми дарёфти ин туҳфаи маънавӣ бо эҳсоси ифтихор изҳор доштанд, ки ин иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи руҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки нашри нави «Шоҳнома» дар ду ҷилд ва бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба табъ расидааст. Ин шоҳасар бо сифати баланд ва тарҳи зебо омода гардида, ба ҳар хонадони мамлакат ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ тақдим мегардад.
Сурайёи Сироҷиддин
радиои «Тоҷикистон»
