Ба истиқболи 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД «Бозори Саховат» баҳри корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани як гӯшаи пойтахти кишвар як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.
Тибқи иттилои директори Бозори мазкур Некрӯз Назирзода аз ҷумла аз таъмири ҷорӣ баровардани таваққуфгоҳи бозор дар масоҳати 1200м² (Горячий асфалт), 120 метр девораи бетонӣ (Бардюр) ва дар масоҳати 120 метр қубури обгузар (лоток) ба маблағи 236823 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои худи корхонаи мазкур харҷ карда шуд. Қобили қайд аст, ки барои фароҳам овардани шароти мусоиди корӣ ба соҳибкорон дар фасли сармою гармо ва инчунин дар шароити хуб нигоҳ доштани маҳсулотҳои онҳо дар масоҳати 1000м² ба маблағи 70779 сомонӣ аз маблағҳои худи боми толори биринҷ, ки таъмирталаб гардида буд, аз таъмир пурра бароварда шуд. Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани фасли зимистони солҳои 2025-2026 зиёда аз 160 метр ноқили баландшиддати 3ҳ185+95 дар минтақаи нонфурӯшӣ ба маблағи 25280 сомонӣ аз нав харидорӣ намуда, барои бехатарӣ аз сӯхтор пуppa иваз карда шуд. Ҷиҳати равшан намудани минтақаҳои бозор зиёда аз 50 адад равшанидиҳандаҳои калон низ ба маблағи 5.000 сомонӣ иваз гардид.
Вобаста ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо ҷалби соҳибкорони корхонаи мазкур барои чидани сафолак (Брусчатка) дар майдончаву роҳравҳои дохил ва гирду атрофи корхона ба масоҳати 3475м² ва 174 метр қубур (Лоток), 347 метр девора (Бардюр) ба маблағи 430900 сомонӣ таъмир карда шуд. Инчунин бо саҳми соҳибкорон зиёда аз 1540м² сафолпӯш (Кафел) намудани толорҳои биринҷ, нон ва роҳравҳои дохили толорҳо бо истифода бурдан аз маҳсулотҳои босифат, ки симои зоҳирии онро зебову назаррабо мегардонад ба маблағи 308000 сомонӣ таъмир карда шуда, инчунин барои таъмир намудани шифт (Потолок) дар масоҳати 20м² бо истифода аз маҳсулотҳои замонавӣ ба маблағи 200000 сомонӣ таъмир карда шуд. Бо ҷалби соҳибкорони корхонаи мазкур зиёда аз 37-адад дӯконҳои савдо ба маблағи 666000 сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст, ки ин пеш аз ҳама барои тозаю озода нигоҳ доштани сатҳу сифати маҳсулотҳо равона гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Саховат», зиёда аз 436 фурӯшандаву соҳибкор фаъолият дошта, пурра бо либоси ягонаи корӣ таъмин карда шудаанд, ки ин ба 100% иҷрои нақша рост меояд.
КВД «Бозори Саховат» тибқи супориши роҳбарияти шаҳр бо хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон аз ҷумла ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён, Ҷайҳун Ҷ. Балхӣ ва Дӯстӣ барои харид ва ворид намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ ба миқдори 4700 тонна барои солҳои 2025-2026 барои ворид кардани маҳсулотҳои кишоварзӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
О. Шарипова
радиои «Тоҷикистон»
