Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар

5 январ дар шаҳри Давҳа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Қатар Ғоним ибни Шоҳин Ал-Ғоним мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, дар вохӯрӣ ҷонибҳо рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатарро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.