Табибони тоҷик бо мутахассисони хориҷӣ бартарафсозии нуқсонҳои кори номураттаби дилро табодули таҷриба намуданд

Дар доираи ҳамкориҳои судманд ва бо мақсади ба роҳ мондани табодули таҷриба дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони варзида аз кишварҳои Эрон ва Чин ва табибони маркази мазкур як қатор амалиётҳои ҷарроҳӣ дар самти бартарафсозии нуқсонҳои кори номураттаби дил гузаронида шуданд.

Сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз қавли мутахассисони ин марказ хабар додааст, ки тапиши аз 160 то 240 маротиба ҳолати кори номураттаби дилро нишон дода, ҳамзамон кори номураттаби қалб новобаста аз синну сол ба вуҷуд меояд.

Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати бартарафсозии ин ҳолат дар маркази мазкур ба як нафар бемори 27 сола амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуда, амалиётҳои ҷарроҳӣ барои ингуна беморон давоми аз 1 то 3 соат идома ёфта, ҳамин вақти кутоҳ тапиши меъёри муайяни қалб аз 60 то 90 маротиба дар як дақиқаро таъмин мекунад.

Ҳамзамон, дар раванди амалиёти ҷарроҳӣ зарурати буриш ва беҳискунии бемор пеш намеояд.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки омилҳои зиёд вуҷуд доранд, ки дар ниҳоят кори қалбро номураттаб мекунанд, вале истифода аз обҳои нурафзо метавонад асостарин омил бошад.

Аз ин рӯ, дар ҳолати мушоҳида намудани номураттабии кори дил бояд фавран ба мутахассиси соҳа муроҷиат намуд, зеро сарфи назар кардани вазъ дар 90 дарсади ҳолат ҳаёти касро зери хатар мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо фароҳам гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати гузаронидани нодиртарин амалиётҳои ҷарроҳӣ махсусан дар дилу рагҳо фароҳам оварда шудааст.

Иштироки табибони хориҷӣ дар рафти баргузории амалиётҳои ҷарроҳӣ дар маркази мазкур танҳо бо мақсади ҳамкорӣ ва боз ҳам баланд бардоштани донишу таҷриба ва малакаи касбии мутахассисони ватанӣ мебошад.