24 декабри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парватиро ба ҳузур пазируфтааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни дидор ҳамсуҳбатон перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ табодули афкор намуда, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда, чорабиниҳои дарпешистода, инчунин имконоти густариши равобити тарафайнро дар соҳаҳои мухталиф матраҳ намуданд.
