Муҳити орому осуда, хушбахтии ҳар як хонавода, тарбияи неки фарзандон, фарҳанги оиладорӣ дар муносибати хуби зану шавҳар ва келину хушдоман, дарки маънои зиндагӣ аз фарҳанги оиладории ҳар як хонавода сарчашма мегирад.
Пӯлод Шарипов, корманди гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсари меҳрубонашон Муқаддас Абдувализода, собиқ корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошанд.
-Оиладоршавии шумо чӣ гуна сурат гирифт ва чанд сол аст, ки ҳаёти оиладорӣдоред?
«Хонадоршавии мо бо интихоби ҳамдигарӣ сурат гирифт. Дар роҳ шинос шуда будем. Ҳамдигарро дӯст доштем. Соли 1990 тӯй кардем. Соҳиби чор фарзанд шудем. Ду духтару ду писар. Аслан зиндагии хуб гузаронидаем. Пастиву баландиҳои зиндагиро бо ҳамдигарфаҳмӣ ва сабру таҳаммул паси сар намудем».
«Шукр, ки чунин ҳамсари босаводу бомаърифат насиби ман гаштааст. Саҳми ӯ дар таълиму тарбияи фарзандон бениҳоят чашмрас аст. Миёни мо ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ буд».
-Дар баробари таълиму тарбияи фарзандон, масъулияти оиладорӣ, иззату эҳтироми шавҳар, кори хона, кори давлатро бар зимма доштед. Барои шумо мушкил набуд?
«Тамоми бурду бохти зиндагӣ бо кори оила ва оиладорӣ марбут аст. Зан-модар бояд аз уҳдаи ҳама корҳо барояд, агар хоҳад, ки оилааш устувор бошад. Дар баробари он ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кору фаъолият мекардам, хамеша дар фикри оилаву оиладорӣ будам. Фарзандонро соҳибмаълумот кардам. Саҳар аз хоб барвақт мехестам. Хона рӯбу чин мекардам, хӯрок мепӯхтам, фарзандонро ба дарс равон мекардам, баъд ба кор мерафтам. Азбаски ҷойи корам наздик ба хонаам буд, нисфирӯзӣ омада ба фарзандонам хӯрок медодам, боз ба кор бармегаштам. Фарзандонам ҳама соҳибмаълумот шуданд. Соҳиби касбу коранд. Ҳамаашон оиладоранд. Зиндагии хуб доранд».
-Хусуру хушдомани беҳтарин ҳамеша баҳри зиндагии шоиста ва хушбахтии фарзандону келинҳои хонавода талош меварзанд. Мехоҳем аз давраҳои бо хусуру хушдоман зиндагӣ ба сар бурданатон ба мо нақл кунед.
«Ман аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Данғара келин шуда рафтам. Хусуру хушдоманам бисёр инсонҳои хуб буданд. Келини шаҳрӣ гуфта бо ман муомилаи хуб мекарданд. Хушдоманам бисёр чизҳоро ба ман ёд доданд. Ошпазиро ман аз хушдоманам ёд гирифтам. Як муддате зиндагӣ кардем, азбаски мо донишҷӯ будем, боз ба шаҳр омадем. Хусуру хушдоманам ҳам ҳамроҳи мо ба шаҳр омаданд. Ман ҳамеша иззату эҳтироми ва хидмати онҳоро ба ҷо меовардам. Дуои онҳо имрӯз моро дар зиндагӣ муваффақ гардонидааст.
— Оила макони осоиш аст. Меҳру самимияти хушдоман нисбат ба келинҳои хонавода муҳити оиларо гарму мубарро месозад. Муносибати шумо бо келинҳои хонавода чӣ гуна аст? Онҳо иззату эҳтиромро ба ҷо меоранд?
«Муносибати мо дар доираи ҳамдигарфаҳмиву иззату эхтиром сурат мегирад. Ду келин дорем. Келини калонӣ ҷудо зиндагӣ мекунад. Келини хурдӣ ҳамроҳи мо аст. Вақте мо ба хона келин овардем, онҳоро ҳамчун фарзанди хонаводаи хеш қабул кардем. Агар мо хушдоманҳо келинро ба ҷойи фарзанд қабул мекунем, духтарони мо низ бахти хуб мебинанд. Келинҳоямон ҳам духтарони хуб ҳастанд, эҳтироми моро ба ҷо меоранд. Бо духтаронам муомилаи хуб доранд. Духтарони ман ҳам бо келинҳо муносибати дӯстона доранд. Ин албатта, аз тарбияи ҳар як хонавода вобастагӣ дорад. Ба келинҳо ҳамеша таъкид мекунам, ки зиндагӣ пастиву баландӣ дорад, сабр кунед. Нофаҳмӣ шуд, хафа нашавед. Шавҳаротона ҳамеша ҳурмат кунед».
-Фазои ҳамдигарфахмию орому осудаи оила файзу баракоти хонадонро афзун мегардонад. Дар мавриди муносибати марду зан дар оила чӣ гуфтаниҳо доред?
«Ҳар як нофаҳмие, ки дар миёни зану шавҳар ба амал меояд, бояд байни худашон ҳал кунанд. Дар назди фарзандон муомилаи хуб дошта бошанд. Байни зану шавҳар бояд ҳамеша меҳру муҳаббат, иззату эҳтиром, ҳамдигарфаҳмию боварӣ бошад».
«Бале, муҳаббат буд, ки то имрӯз мо зиндагии хуб дорем. Ҳар як нофаҳмие, ки дар оила мешуд, ман ягон маротиба қаҳр карда ба хонаи падару модар нарафтам. Сабр кардем, имрӯзҳо лазаҳои беҳтарини зиндагиро сазовор гаштем».
-Ба навхонадорони имрӯза чӣ маслиҳатҳо медодед?
«Ҳар як падару модар вазифадор аст, фарзандони хешро, махсусан, духтаронро ба ҳаёти оиладорӣ омода намоянд. Ба онҳо урфу одатҳои миллӣ, иззату эҳтиромро фаҳмонанд. Касбу ҳунар омӯзонанд. Баъдан оиладор намоянд, то фарзандон дар зиндагӣ устувор бошанд ва ба қадри оилаву оиладорӣ бирасанд. Оила муқаддас аст ва аз ҳар як шахс масъулияти бузургро талаб менамояд. Ҳар як аъзои хонавода, махсусан навхонадорон бояд масъулияти худро хуб иҷро карда тавонад. Дар зиндагӣ пурсабр бошанд. Ҳамеша дуои неки падару модарро бигиранд. Баҳри пойдорӣ ва хушбахтии оилаи худ ҳамеша талош биварзад. То як зиндагии хубу навмунавиро сазовор бигарданд.
— Саломату саодатманд бошед!
Зарина Мухторзода
радиои “Тоҷикистон”
