Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон доир гардид

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар  ҷаласаи Шуро пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои махсус ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии рақамӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамзамон дар Шуро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» пешниҳод гардида, барои дар иҷлосияҳои навбатӣ баррасӣ намудан муҳлат муқаррар карда шуд.