Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» идома дорад. Имрӯз ҳам хонандагони синфҳои 1 то 4 баромад карда, миёни ҳам донишозмоӣ намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки дар кишварамон баргузор гардида, он барои ғанӣ гардонидани маънавиёт ва ҷаҳонбинии илмии аҳолии мамлакатамон сар карда аз хурдсолон то калонсолон мусоидат намуд. Абдуаҳад Қаҳоров хонандаи синфи 4 — и МТМУ рақами 26 — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар озмун аз рӯи наминатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» иштирок намуд. Ӯ барои даври ниҳоии озмун таёрии хуб дидааст ва умедвор аст, ки сазовори ҷойи намоён мегардад.
Бояд гуфт, ки мутолиаи китоб на танҳо барои андӯхтани илму дониш, инчунин барои ташаккули фикрронии кӯдакон замина мегузорад. Абдусалом Қаюмов хонандаи синфи 3 — и Мактаби байналмилалии Контакт дар шаҳри Исфара буда, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи «Адабиёти ҷаҳон» иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки тавассути иштирок дар озмун ҳам дониши худро сайқал додааст ва ҳам шаҳри Душанберо тамошо.
Иштирокчии дигари озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» Сумая Наимзода хонандаи синфи 4 — и МТМУ рақами 10 — и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Ӯ аз дигар минтақаи кишварамон дугонаҳо пайдо карда, хушҳол аст, ки дар озмун иштирок дорад.
Бояд қайд намуд, ки имсол дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи чор наминатсия 435 довталаб аз тамоми қаламрави кишвар иштирок намуда, донишу маҳорати худро нишон медиҳанд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»
