Баргузории Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун

Имрӯз дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар арафаи ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати адлияи кишвар Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, вазоратҳои адлияи давлатҳои хориҷӣ ,созмонҳои байналмилалии муқимиТоҷикистон, доираҳои васеи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, иштирок намуданд.

Форуми мазкурро вазири адлияи Ҷумҳурии Трҷикистон Музафар Ашуриён ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки воқеан баргузории Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун муҳим ва саривақтӣ буда, чун ҳамасола бо мақсади ҳалли мушкилот ва муаммое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон, ҷустуҷӯйи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххас бо мақсади таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Инчунин дар рафти Форум масъалаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ, кафолати конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди қонунгузории маданӣ ва соҳибкорӣ, сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ ва такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор гирифт.

Дар натиҷаи муҳокимарониҳо тавияҳои Форум қабул гардиданд, ки ба мақомоти дахлдор барои баррасӣ ва корбарӣ ирсол карда мешавад.

Олуфта Шарипова,

радиои “Тоҷикистон”