Ин лаҳзаҳо дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» ба кори худ оғоз намуд.
Симпозиум бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Алоуддин Баҳоваддинов ба муносибати 1045-солагии мутафаккир Абӯ Али ибни Сино роҳандозӣ шуд.
Симпозиум бо иштироки пажуҳишгарону донишмандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, Малайзия, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Марокаш, Баҳрайн, Ҳолландия, Фаронса ва кишварҳои дигари дуру наздик ба таври ҳузурӣ ва онлайнӣ гузаронида мешавад.
Симпозиум ду рӯз давом карда, дар доираи он иштирокчиёни вобаста ба ҳаёту фаъолият ва хизматҳои шоистаи мутафаккир, файласуф, табиби ҳозиқ Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми ҷаҳонӣ маърӯзаҳо пешниҳод менамоянд.
Сарвинози Сайидалӣ,
радиои «Тоҷикистон»
