Талошҳо барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия. Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Сурия вохӯрд

Акс аз ВКХ ҶТ

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 3 декабри 2020 дар Димишқ Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои ин ниҳод “дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳи ал-Ҳавл, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт“.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки сафири Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода  номаи табрикии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба Файсал ал-Миқдод ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия супорид. Ёдовар мешавем, ки Валид Муаллим, вазири пешини корҳои хориҷии Сурия  рӯзи 16 ноябр дар синни 79-солагӣ  даргузашт. Акнун ин мансаби калидӣ дар Сурияро Файсал ал-Миқдод ба дӯш дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *