Баргузории ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъитии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар «Осохонаи милли Трҷикистон» дар мавзӯи «Нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва ёдгориҳои таърихиву фархангӣ» ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъитии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва дигар ташкилоту ниҳодҳои марбута ширкат варзиданд.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Муҳиддин Пайшанбезода — мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, мавсуф бо ёдоварӣ аз ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар кишвар изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ иқдомҳои бузургро роҳандозӣ намудааст.

Дар рафти ҷаласа инчунин дигар иштирокчиён вобаста ба масъалаи мазкур суханронӣ намуда, ки таъкид доштанд, ки ҳифзи муҳити зист имрӯз яке аз масълаҳои ҳалталаб ба шумор рафта, дар ин зимн аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Таҳлили вазъи идоракунии партовҳо дар Тоҷикистон ва такмили қонунгузории экологӣ, махсусан дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомидиданӣ аз масъалаҳои дигари ҷаласа гардиданд, ки иштирокчиёни ҷаласаи Шуро роҷеъ ба ин масъалаҳо табодули назар намуданд.

Олуфта Шарипова,

радиои «Тоҷикистон»