Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд.
Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ тибқи талаботи Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» таъсис дода шудааст.
Бинои асосии Марказ аз чор ошёна иборат буда, бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои сохтмонии имрӯза бунёд ёфтааст ва дорои утоқҳои васеъ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо компютерҳо, таҷҳизоти таълимӣ ва устохонаҳои амалӣ мебошад. Дар марказ имконият фароҳам оварда шудааст, ки ҷавонон, занону духтарон ва шахсони бекор дар самтҳои гуногун омӯзиш дида, соҳиби ихтисоси муайян гарданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар Марказ аз рӯи 5 ихтисос: барқкор, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ, челонгари техникаи санитарӣ, андовагар ва кафшергари газию барқӣ мутахассисон омода карда мешавад. Иқтидори имконпазири Марказ барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 150 ҳунаромӯз мебошад.
Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар масоҳати 25 садяк замин бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ аз 22 ноябри соли 2022 оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ба анҷом расидааст.
Марказ бо буғхона, обу корез ва манораи об бо зарфи ғунҷоишаш 25 тонна таъмин аст. Ҳамчунин, бо хатти доимии барқ пайваст буда, илова бар ин тариқи панелҳои офтобӣ низ муассиса бо барқи доимӣ таъмин мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулин барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Бо ба фаъолият оғоз кардани Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ, даҳҳо сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Омӯзгорон ва мутахассисони соҳибтаҷриба дарсҳои назариявию амалӣ мегузаронанд, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Ҳадафи таъсиси чунин марказҳо, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонида мешаванд, аз он иборат аст, ки шаҳрвандон, махсусан ҷавонону занон, касбу ҳунар омӯзанд, фаъолона дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа иштирок намоянд ва ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии худ саҳм гузоранд.
Ҳамчунин, дар ҳудуди Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои чорошёнаи шуъбаи маорифи ноҳия шинос шуданд. Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, сохтмони иншоот дар масоҳати муайян бо истифода аз масолеҳи босифати маҳаллӣ ва бо риояи меъёрҳои муосири меъморӣ амалӣ мегардад.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки бинои нав аз 4 ошёна иборат буда, барои фаъолияти муназзам ва самараноки кормандони шуъбаи маориф пешбинӣ шудааст. Дар он ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлис, китобхона, маркази иттилоотӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷой дода мешаванд. Пас аз ба истифода дода шудани иншоот, шароити кори кормандон беҳтар гардида, имкониятҳои нав барои татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф фароҳам меояд.
Ифтитоҳи чунин иншооти замонавӣ гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, омӯзиш ва хизматрасонии босифат ба аҳолӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар ин ҷо боз лоиҳаи биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиршавии марказҳои хизматрасонӣ ва савдо ва муассисаи таҳсилоти томактабӣ муаррифӣ гардид.
Биноҳои истиқоматӣ аз 9 ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешаванд. Дар ошёнаи якум ва дуюм марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир карда шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва мувофиқи завқи кӯдакон сохта мешавад.
Он барои фаро гирифтани 200 тарбиягиранда пешбинӣ шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2024 то имрӯз 6 маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд гардидаанд, ки иқтидори ба касбомӯзи фаро гирифтани то ҳашт ҳазор нафарро доранд. То ба имрӯз 3200 касбомӯз соҳиби сертификат шуда, зиёда аз се ҳазори дигар барои ба шуғл фаро гирифтан номнавис шудаанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва кормандони соҳаи маориф дастур доданд, ки бунёди чунин муассисаҳои таҳсилоти томактабиро дар дигар деҳаҳои дурдаст низ идома дода, барои тарбияи насли ояндасоз дар шароити муносиб ва рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.