Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд.
Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ тибқи талаботи Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» таъсис дода шудааст.
Бинои асосии Марказ аз чор ошёна иборат буда, бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои сохтмонии имрӯза бунёд ёфтааст ва дорои утоқҳои васеъ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо компютерҳо, таҷҳизоти таълимӣ ва устохонаҳои амалӣ мебошад. Дар марказ имконият фароҳам оварда шудааст, ки ҷавонон, занону духтарон ва шахсони бекор дар самтҳои гуногун омӯзиш дида, соҳиби ихтисоси муайян гарданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар Марказ аз рӯи 5 ихтисос: барқкор, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ, челонгари техникаи санитарӣ, андовагар ва кафшергари газию барқӣ мутахассисон омода карда мешавад. Иқтидори имконпазири Марказ барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 150 ҳунаромӯз мебошад.
Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар масоҳати 25 садяк замин бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ аз 22 ноябри соли 2022 оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ба анҷом расидааст.
Марказ бо буғхона, обу корез ва манораи об бо зарфи ғунҷоишаш 25 тонна таъмин аст. Ҳамчунин, бо хатти доимии барқ пайваст буда, илова бар ин тариқи панелҳои офтобӣ низ муассиса бо барқи доимӣ таъмин мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулин барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Бо ба фаъолият оғоз кардани Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ, даҳҳо сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Омӯзгорон ва мутахассисони соҳибтаҷриба дарсҳои назариявию амалӣ мегузаронанд, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Ҳадафи таъсиси чунин марказҳо, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонида мешаванд, аз он иборат аст, ки шаҳрвандон, махсусан ҷавонону занон, касбу ҳунар омӯзанд, фаъолона дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа иштирок намоя