Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои нави Маркази ташхисии «Тибби Ҳулбук»-ро ифтитоҳ намуданд

22 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази ташхисии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нав бо тарҳи муосир бунёд ёфта, аз ҳашт ошёна иборат аст. Маркази ташхисии «Тибби Ҳулбук» дар ошёнаи якум ва таҳхона ҷойгир шуда, бо таҷҳизоти навтарин таъмин ва шароити мувофиқ барои ташхис ва табобати беморон фароҳам оварда шудааст. Ошёнаи якум дорои 9 ҳуҷра буда, дар даромадгоҳ дорухона, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраҳо барои мутахассисони амрози даруна, асабшинос, табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ, табиби амрози занона ва қалбшинос ҷой дода шудааст. Иловатан ҳуҷраҳои озмоишӣ ва фаросавтӣ барои занон фаъолият мекунанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар таҳхонаи Марказ барои ташхиси беморон дастгоҳҳои муосири тиббӣ насб карда шудааст. Дастгоҳҳои ташхиси магнитию резонансӣ, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, рентгени скопӣ, рентгени дандон ва фаросавтӣ, аз зумраи таҷҳизотест, ки дар ҳамин қисмати Маркази ташхисии «Тибби Ҳулбук» ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин, дар таҳхона ҳуҷраҳои табобати физиотерапевтӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз аст.

Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншооти муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро ба истиқболи сазовори ҷашни бузургу пуршукӯҳи миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Маркази ташхисии «Тибби Ҳулбук» дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҷабалӣ Мирзоалиев бо харҷи 20 миллион сомонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Восеъ бунёд гардидааст.

Дар Маркази нави ташхисӣ 40 мутахассиси дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд, ки аксари онҳо аз ҳисоби занону духтарони маҳаллӣ мебошанд.

Табибони марказ аз дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин марказҳои муосир имконият медиҳанд сатҳи касбӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар гардад.

Сокинони ноҳия изҳори хушнудӣ карданд, ки ифтитоҳи чунин марказ ба беҳбудии зиндагии мардум мусоидат карда, дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ хеле осон хоҳад шуд.

Гирду атрофи муассисаи нави тиббӣ бо гулҳои рангоранг оро дода шуда, роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидааст.

Ҳамзамон, дар ҳамин мавзеъ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи нави тандурустӣ-табобатӣ шинос шуданд ва барои бунёди он санги асос гузоштанд.

Бино аз 6 ошёна иборат буда, тибқи нақша дорои 60 кати хоб ва 45 ҷойи нави корӣ мебошад.

Маҷмаа аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дил, урологӣ, бемориҳои занона, маркази ташхис ва ёрии таъҷилӣ иборат хоҳад буд.

Татбиқи ин лоиҳа, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам омадани шароити арзандаи нигоҳдории саломатии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо имкониятҳои марказ ва нақшаи бунёди маҷмааи нави тиббӣ, ба масъулон дастур доданд, ки ба масъалаи омодагии кадрҳои баландихтисос, сатҳи хизматрасонӣ ва истифодаи дурусти таҷҳизоти муосир диққати махсус диҳанд.