14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест — 2025” Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот аз рафти густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, таъкид гардид, ки бо саъю талоши бештари ҷонибҳо ин раванд дар оянда низ самаранок идома хоҳад ёфт.
Натиҷаҳои боздидҳои расмии роҳбарияти олии Тоҷикистону Эрон, гуфтушунидҳо ва тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, инчунин санадҳои нави имзошуда барои рушди минбаъдаи муносибатҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоративу иқтисодии дуҷониба таъкид намуда, аз тамоюли рӯ ба афзоиши табодули тиҷоратӣ миёни ду кишвар ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки дар соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар тақрибан ба 380 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид ва изҳори бовар карда шуд, ки ин рақам дар наздиктарин фурсат ба 500 миллион доллар ва аз он бештар низ хоҳад расид.
Дар ин робита тақвияти кори абзорҳои дуҷонибаи рушди ҳамкорӣ зарур дониста шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории судманд миёни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.