10 октябр дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.
Дар маҳалли баргузории ҷаласа меҳмонони олиқадрро Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як-як самимона пазироӣ намуданд.
Барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ба Қасри миллат ташриф оварданд.
Пас аз ба ҳам омадани иштирокдорони ҷаласа, нахуст маросими аксбардории якҷояи сарони давлатҳо баргузор шуд.
Сипас, ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз кард.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони кишварҳо ва аъзои ҳайатҳои расмиро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, самимона хайрамақдам гуфтанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар соли раёсати худ дар Иттиҳод, дар ҳамкории зич бо кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроия, фаъолияти фарогирро баҳри татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда идома дод.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки фаъолияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунандаи Иттиҳод ба ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ дар рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмон нигаронида шуда буд.