10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо ба таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Арманистон аҳамияти хоса медиҳем ва ба инкишофи онҳо дар тамоми соҳаҳо манфиатдорем”.
Таъкид гардид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳо соҳаҳои муҳимро дар бар мегирад ва он имконият медиҳад, ки аз иқтидори кишварҳо дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд истифода шавад.
Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нерӯи “сабз”, саноат, аз ҷумла кооператсияи саноатӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ зарур шумурда шуд.
Афзоиши ҳаҷми гардиши мол, зиёд кардани савдои байниҳамдигарӣ бо истифода аз имкону иқтидорҳои мавҷуда ва ташкилу баргузорсозии форумҳои тиҷоратӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.
Ба рушди муколамаи байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Оид ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳанг, маориф, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ низ табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин, атрофи масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории ташаббусҳои глобалии якдигар гуфтугӯйи судманд доир гардид.