Баргузории ҳамоиши илмӣ бахшида ба таъсиси аввалин телевизион дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Академияи ВАО ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Таърих ва ташаккули телевизион ва радиои тоҷик» баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба муносибати 66 солагии таъсиси аввалин телевизион дар Тоҷикистон бахшида шуд. Дар ҳамоиш устодону собиқадорони соҳаи журналистика, радиову телевизион ва донишҷӯёни соҳа иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиш Дилафрӯз Рустамзода муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки журналистикаи тоҷик 66 сол қабл бо таъсиси аввалин телевизион мукаммал гардид ва минбаъд журналистон имкон пайдо карданд, ки доираи иттилоърасонии худро васеъ намоянд.

Дар идомаи ҳамоиш Зиннатулло Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баромад карда, қайд намуд, ки таъсиси аввалин телевизион барои ташаккули журналистикаи телевизионӣ ва минбаъд соҳавӣ замина гузошта, ҳамчун мактаб барои тарбия ва омӯзиши кадрҳо хизмат намуд.

Бояд гуфт, ки телевизиони Тоҷикистон бо номи Студияи Душанбе 3 октябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе бори нахуст ба фаъолият оғоз кард. Таъсиси телевизиони Тоҷикистон як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ дар ҳаёти мардуми кишварамон ба ҳисоб мерафт. Дар аввал сатҳи фарогирии телевизион хеле кам буд. Ҳоло сатҳи фарогирии он дар қаламрави кишварамон 99% — ро ташкил дода, ҳамарӯза барои тамошобинон хабару барномаҳои ҷолиб таҳияву пешниҳод менамояд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»