Бинои хонаи радио. Ё ба таъбири маъмули аҳли қалам – “Ошёни булбулон”. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Субҳи бармаҳал. Соат ба 6-и саҳар дакка мехӯрад. Ҳавои салқину форам. Насими саҳарӣ атри муаттари гулу буттаву дарахтони Боғи ба номи устод Рӯдакиро дар масофаи на чандон тавил бар машом меорад. Шаҳр аз ғавғову садо ва дуди мошинҳо озод аст. Ҳавои тоза, осмон кабуд, оромии атроф. Сукути субҳи саҳариро танҳо чир-чири парандаҳои дарахтони боғ мешикананд. Мошинҳо сабзаву майсаҳо ва лолаҳои қади кӯчаҳоро об мепошанд. Сабукрави сафари мо низ ҳозир шуд. Масири сафари мо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муқаррар шудааст.
Ҳайати ҳамсафарон мо аз 20 нафар таркиб ёфтаанд. Аз миёни онҳо аксарият шояд Бадахшонро дидаанд, ё баъзеи онҳо борҳо сафар кардаанд, аммо барои ман ин масири тӯлонӣ бори аввал хоҳад буд. Эҳсосотам ҳамон гуна аст, ки гӯиё бори нахуст пешорӯи ҳазорон нафар ҳунарнамоӣ мекунам. Дар ин асно, дар синаам завқу шӯре ҷӯш мезанад, туғёне дар вуҷудам медамад, ки Бадахшонро мебинам. Сафари ҳафтаинаи моро Хадамоти алоқаи назди ҳукумати кишвар таҳия ва хидматгузорӣ намуда, гурӯҳи рӯзноманигорон аз расонаҳои гуногуни Васоити Ахбори Оммаи ҷумҳурӣ шеваи хизматрасонӣ ва суръати интернетро дар ин манотиқи дурдасти кишвар инъикос хоҳанд кард. Аммо, дар ин ҳангом, маро бештар дидани манзараҳои ин диёри дерин, маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои қадима, ёдгориҳои кӯҳан ва расму оини мардумӣ ба мавҷ овардааст. Мо аз назди бинои Хадамоти алоқа роҳӣ шудем.
Ба Дарвоз расидем, Дарвози овозадор, дарвозаи тиллоии Бадахшон. Аз маркази Дарвоз пуле мегузарад ва дарёчае ҷӯш мезанад. Дар миёнҷойи сероҳа се пайкараи бузургу барҷкастае таҷассум ёфтаанд: Аз поягузорони мусиқии халқии тоҷик, асосгузорони равияи хос, ҳунарпеша ва ҳофизи халқии Тоҷикистон, устодони санъат, соҳибони мактаби вежаи овозхониву ҳофизӣ, бунёдгарони мусиқии асил Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ ва дар меҳвари ин ду тан аз устураҳои нотакрор — таронасаро, навозанда, мусиқидони бемисл, асосгузори маҷмӯи силсилавии мусиқии устодонаи эронӣ ва Шарқ Борбади Марвазӣ қомат афрохтаанд ва ин нишонаи олии эҳтиром ба гузаштаву пос доштани фарҳанги миллӣ дониста мешавад. Мардуми ноҳияи Давроз дидадарову хушчақчақу маталдону зарофатгӯву дилсофе ҳастанд. Муддате дар ҳалқаи мардуми меҳмондӯсти ин гӯшаи меҳан суҳбат оростему қиссаҳо кардему шунидему ниюшидем, боз масири хати сайри мо идома ёфт.
Аз дур дарвозаи Хоруғ намуддор мешавад. То Хоруғ расидан, аз Рӯшону Шуғнон гузар бояд кард. Ҳавои салқин, насими форами дарёи паҳновари Панҷ. Долу дарахтони сабзу хуррам, кӯҳҳои сар ба афлок расида, мардумони сарбаланду хушном, диёри домани гардуни гардон. Чеҳраҳои хандони кӯдакон, даву този бачаҳои дилсофи кӯҳистон, симоҳои зебову чеҳраҳои ориёӣ, духтарони чашмкабуди қомати хиромон, мӯйи мушкину зулфони парчин, гесӯвони сурхи лолагун, гунаҳои испеди ширгун, абрӯвони лахчаи тар – як олам зебоиҳои нотакрор ва як олами дигар виқору ифтихор дар ҷавҳари ҷони мардуми пурғуруру сарбаланду сарфарози Бадахшони Тоҷикистон. Маркази шаҳри Хоруғ ба гоҳи шом Пориси ростинаро мемонад. Гулгаштҳои чароғону кӯчаҳои пурнур, зиндагии осоиштаву мардумони шукргузор, осудагиву амну субот дар вуҷуди ҳар тани ин диёри кӯҳистони хушном.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сарзамине дар кӯҳсори Помир ҷойгир аст ва 44,5 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегифта, 97 дарсади сарзамини Бадахшон кӯҳсор аст. ВМКБ дар шимол бо Қирғизистон, дар Шарқ бо Чин, дар Ҷанӯбу Ғарб бо Афғонистон ҳамсарҳад аст. Бино ба сарчашмаҳои тахминии мавҷуда аҳолии ВМКБ 230 нафар буда, 2,3 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Мардуми Бадахшон ба забонҳои шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, язғуломӣ, вахонӣ, ишкошимӣ низ ҳарф мезананд.
Мардуми шарафманду сарбаланди Бадахшон дар рушди фарҳангу санъату ҳунару сиёсати кишвар баробар хидмат кардаанд, ки метавон исму кори як шумули эшонро дар пештоқи дарвозаи олам бо ҳуруфи зарҳалин ҳаккокӣ кард: Гурминҷ Завқибеков, Хушназар Майбалиев, Сафарбегим Тошхӯҷаева, Савсан Бандишоева, Меҳрубон Назаров, Нуқра Раҳматова, Майсара Дилдорова, Улфатмоҳ Мамадкамбарова, Наргис Бандишоева, Оятбону, Савриниссо, Соро Сабзаалиеваҳо, Далер Назаров, Муборакшоҳ Мирзошоев, Шералӣ Абулқайсов, Абдулшаҳид Саодатшоев, Гулбек Саодатов, Душанбе Паллаев, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Хурмо Ширинова, Махфиират Ҳамроқулова ва даҳҳои дигарро метавон унвон бурд, ки дар ёду хотири мардум барои ҳамеша боқӣ мондаанд.
Бадахшонам, диёри домани дерини гардунӣ,
Зи қаъри қарнҳои рафтаи тоҷик тамаддунӣ.
Ба номат менависам қиссаҳову достонҳое,
Ба рағми душманони нохудогоҳат, дар хунӣ.
Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман 2 –юми январи соли 1925 бо Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таркиби Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуд ва минбаъд ба таркиби ҶШС Тоҷикистон дохил гардид.
Соли 1965 ба ҳайати ВМКБ ду ноҳияи дигар ҳамроҳ карда шуд: ноҳияи Қалъаи Хумб, марказаш Қалъаи Хумб ва ноҳияи Рӯшон, марказаш Рӯшон. Соли 1991 номи ноҳияи Қалъаи Хумб ба ноҳияи Дарвоз иваз карда шуд. Соли 1992 ноҳияи Роштқалъа таъсис дода шуд. Бино ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон соли1994, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман дар ҳайати кишвар ҳамчун вилояти мухтор арзи ҳастӣ мекунад.
Сафари мо идома дорад. Мо ба ноҳияи Ишкошими овозадору зебову хушҳаво расидем. Дар деҳаи Амг, ҷамоати деҳоти Вранг, осорхонаи хаттот, ориф, ситорашинос, тақвимдон, донишманд, суфӣ — Мубораки Вахонӣ мавҷуд аст.
Сафари мо ба водии Вахон, деҳаи Ямчуни ноҳияи Ишкошим, чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро, ки дар қисмати Ҷанӯбу Шарқи назди соҳили дарёи паҳновари Панҷ дар масофаи 200 км аз маркази шаҳри Хоруғ, 83 мк аз маркази ноҳияи Ишкошим ва дар баландии бештар аз 3000 метр аз сатҳи баҳр мавҷуд аст, идома дорад. Ҳарорати оби чашма 43 дараҷа гарм буда, ин мавзеи таърихӣ, ки тибқи ривояти мавҷуда ба чандин бемориҳо даво мебахшад, дар масофаи дуртар аз 1 км аз Қалъаи Ямчун аз дили кӯҳҳо ҷӯш мезанад.
Бадахшон – табиати нотакроре, ки дасти инсоният нарасидааст. Зебоиҳои ин диёри биҳиштӣ дили миллионҳо мардумони дунёро тасхир карда, ки сари ҳар фурсат, ба гоҳи ҳар мавсим гурӯҳӣ ба ин манотиқи рангоранги Тоҷикистони азиз сафар мекунанд ва аксаран сайёҳонро чашмаҳои шифобахш, мавзеъҳои таърихиву ёдгориҳои қадима, монанди чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро, Гашмчашма, Қалъа ё шаҳри қадимаи Карон бо таърихи 4 ҳазор сол, Қалъаи Ямчун ва даҳҳо арзишҳои нодири дигар ҷалб кардаву мафтун сохтааст. Воқеан Бадахшон пурганҷ асту қуллаи баландаш сари волои мо. Помир – боми ҷаҳон асту ифтихору обрӯву сарфарозии миллати деринаи тоҷик. Бадахшон — диёри домани дерини гардун аст. Дар интиҳо бар-ин хулоса расидем, ки ҳар касе агар Бадахшонро надидааст, аз дидаҳои дигараш ифтихор накунад.
Бо ҳамин сафари ҳафтаинаи мо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расид. Ва мо роҳ пеш гирифтем ба сӯйи пойтахти азизамон шаҳри шукуфону гулафшони Душанбе.
Лутфуллои Азиз,
радиои «Тоҷикистон»