Оғози Рӯзи дарҳои боз дар КМТ бахшида ба Рӯзи китоб

4-5 сентябр ба муносибати Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад.

Ҳадафи Рӯзи дарҳои боз ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб, китобхонӣ ва китобхона аст. Баргузории ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромада, дар ҳама ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд, ки бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд.

Инчунин кормандони масъули Китобхонаи миллӣ меҳмононро ба толорҳои хониш роҳнамоӣ карда, ба онҳо тарзи ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон медиҳанд. Инчунин муштариёнро бо намудҳои хизматрасонии ройгону шартномавии китобхона шинос менамоянд.

Бахшида ба ин рӯз китобдорони собиқадори муассиса низ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.