Телевизиони «Баҳористон» бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 сентябри соли 2006 ба фаъолият оғоз намуд. Имрӯз аз таъсиси ин телевизион 19 сол гузашт.
Мақсади асосии ин шабака ин аст, ки ба наврасон ва кӯдакон тавассути барномаҳои шавқовар ва таълимӣ ҷаҳони атрофро муаррифӣ кунад ва онҳоро ба хондан, омӯзиш ва кашфиёти нав ташвиқ намояд.
Ҳайати эҷодию техникии Радиои Тоҷикистон ҳамаи кормандони телевизиони «Баҳористон»-ро бо 19 солагии таъсисёбии ин шабакаи маҳбубу сарнавиштсози насли нав табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ хоҳоне